НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ: ТАДБИРҲОИ СОЗАНДА БАХШИДА БА ҶАШНИ МИЛЛӢ

Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва соҳибистиқлоливу Ваҳдати миллӣ босуръат рӯ ба пешравӣ ниҳода истодааст. Ҳамаи кӯшиш ва талошҳои мардуми шарафманди диёр баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Истиқлолияти кишвар, бешубҳа, барои пешрафти кишвар ва баҳри болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Имрӯз бо шарофати ин ҷашни бузурги милливу сиёсӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бомаром ҷараён доранд. Ҷиҳати омодагӣ доир ба пешвоз гирифтани 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Деваштич як зумра корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Ноҳияи Деваштич назар ба чанд соли охир шукӯҳу шаҳомати хосаро ба худ касб намудааст. Ин нуктаро ҳангоми сафар намудан ба ин ноҳия равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Бино ба иттилои муовини раиси ноҳия Насриддин Комилзода бо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30 - солагии Истиқлолият аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки сохтмони 322 адад иншооти гуногун аз ҷумлаи онҳост. Дар ин раванд, мутобиқи нақшаи чорабиниҳо як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Имрӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия раванди корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Бино ба иттилои Насриддин Комилзода то имрӯз аз 322 адад иншооти ба нақша гирифташуда 195 адади он сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон, дар боқимонда 96 адад иншоот корҳо идома дошта, аз рӯи 31 банди дигар корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Аз ҷумла, бо дастгирии соҳибкорон дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат сохтмони иншооти гуногун, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, аз қабили сартарошхона, ҳаммом ва толори ҳусн ба анҷом расонида шудааст. Дар маркази ҷамоат бозори марказӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки ҳамарӯза сокинон аз он истифода мебаранд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷун сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 бомаром идома дорад. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюми бино ҷараён дошта, онро ширкати сохтмонии ҶДММ “Кордон” ба ӯҳда гирифтааст. Ин бинои хуштарҳу замонавӣ соли 2021 ба истиқболи ҷашни миллӣ ба истифода дода мешавад.

Инчунин, дар деҳаи Нуробод бунёди кӯдакистон ба роҳ монда шуда, дар деҳаи Истиқлол бошад, варзишгоҳи бунёдшударо бо нишастгоҳҳои муосир ҷиҳозонида истодаанд. Дар идомаи корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия то ин дам 17 сартарошхона ва толори ҳусн, 13 майдонча ва толори варзишӣ, як боғи истироҳатию фароғатӣ, се китобхона, панҷ дорухона, ҳафт ҳаммом, 15 корхонаи истеҳсолии хурд, 47 маркази хизматрасонӣ ва як адад майдончаи варзишии бозии кӯдакон сохта шуда, мавриди истифодаи сокинон қарор гирифтааст. Бинои нави маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон, боғи истироҳатӣ - фароғатӣ, дорухона ва дигар иншооти зарурӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ аз тарафи соҳибкорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Рӯйдоди фараҳбахше, ки сокинони ноҳияро рӯҳбаланд намуд, ин таъмири роҳи асосии ноҳия, бунёди майдони Парчам ва як кӯдакистони замонавӣ мебошад.

Сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истифода додани иншооти зикргардида рӯҳияи сокинони ноҳияро куллан дигаргун намуд. Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳия ва ҷамоати шаҳракҳо дар ин давра дар радифи корҳои созандагиву ободонӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣоммавӣ, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносии аҳли ҷомеа нигаронида шудаанд, баргузор мегарданд.

Дар ин замина номгӯи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия рӯз то рӯз такомул ёфта, дар натиҷаи корбарӣ дар байни сокинон ва соҳибкорон теъдоди иншооти ҷашнӣ меафзояд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мардуми меҳнатқарини ноҳияи Деваштич муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи шоиста истиқбол намудани ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарму самимӣ пазируфта, дар амалӣ намудани он азми ҷиддӣ, суботи комил ва нерӯи созанда доранд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh