Оғози корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исфара

12 декабри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, ба корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, он дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷойгир мебошад.

Масоҳати майдони Парчам 0,65 га буда, маблағи лоиҳавии сохтмони иншоот 2 миллиону 230 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа ҳудуди майдони Парчам сафолакпӯш гардида, дар ду тарафи он бунёди фаввораҳо пешбинӣ шудааст. Баландии сутунпояи Парчам 50 метрро ташкил хоҳад кард ва андозаи Парчами афрохташаванда 14Х7 метр мебошад.

Лоиҳакаши иншоот Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара ва фармоишгар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара буда, пудратчӣ ҶДММ «КММ-44» мебошад.

Раиси вилоят зимни иштирок дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти шаҳр ва сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд бунёд намудани майдон супориш дода, таъкид намуд, ки майдони Парчам бояд яке аз ҷойҳои зебову истироҳатии шаҳр гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh