Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҳаммоми замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ боздид намуд.

Ҷоизи зикр аст, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 457 иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии 922 млн 968 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, соли 2018 86 иншоот, 2019 131 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.

Давоми нуҳ моҳи соли равон аз 124 иншооти нақшавӣ, ки маблағи умумии онҳо 52 млн 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 77 иншоот пурра ба итмом расонида шудааст.

Дар доираи корҳои ободонӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навободи болои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҳомидов Абдураҳмон як ҳаммоми замонавӣ бунёд гардид, ки он мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт.

Чуноне иттилоъ дода шуд, ҳаммоми замонавӣ ба маблағи як миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 17 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh