КОРКАРДИ САМАРАНОКИ АШЁИ ХОМ

Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.

Имрӯз дар аксар шаҳру навоҳии вилоят корхонаҳои саноатӣ фаъолият мебаранд ва аксари онҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, инчунин садҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ гардида, шароити иҷтимоии хонаводагии хешро беҳтар сохта истодаанд. Феълан дар ҳудуди вилоят 694 корхонаи саноатӣ фаъолият мебарад. Ва яке аз ҳадафҳое, ки борҳо Пешвои муаззами миллат таъкидан гуфтаанд: «Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ барномаҳои соҳавиро фаъолона татбиқ намояд». Ва баҳри иҷроиши ҳамин нукта солҳост, ки «тиллои сафед» чун ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти саноатӣ дар дохил коркард шуда истодааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар 9 моҳ 7797,7 миллион сомонӣ ё 139 фоизро ташкил кардааст. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят 42 корхонаи коркарди пахта фаъолият мебарад, ки 13 адади он дар ноҳияи Зафаробод ҷойгир шудааст. Дар ин самт мебоист кишту кори саҳро, хосатан кишти пахта мувофиқи мақсад ба роҳ монда шавад. Дар ин бобат масъули идораи кишоварзии вилоят оид ба киштукори пунбадона дар қаламрави вилоят чунин гуфт:

- Бо мақсади таъмини корхонаҳои коркарди пахта ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот соли равон дар майдони 58177 гектар кишти пунбадона гузаронда шуда, аз тарафи олимону мутахассисони соҳа рафти парвариши зироат, тибқи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла шудгори тирамоҳии замин, ворид намудани нуриҳои минераливу органикӣ, таъминоти саривақтӣ бо оби полезӣ ва нобуд кардани ҳашароти зараррасон зери назорати доимӣ қарор гирифт. - Натиҷаи ҳамин фаъолияти пурсамар дар майдони кишти пахта буд, ки то имрӯз, - гуфт мудири шуъбаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода, - аз аввали мавсим ба миқдори 126942,6 тонна ва ё 98 фоиз дар қаламрави вилоят «тиллои сафед» ҷамъоварӣ гардидааст. Сардори идораи кишоварзии ноҳияи Зафаробод Сафарбой Исмоилов қайд кард, ки имсол дар майдони 14282 гектар кишти пунбадона корида, то имрӯз аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба хирмани давлат ба миқдори 26700 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ин давра ба корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳияи Зафаробод низ ба миқдори зиёд «тиллои сафед» ворид шудааст. Яке аз корхонаҳои коркарди пахта ҶДММ «Ховари умед» (роҳбараш Абдулло Усмонов) мебошад. Корхона ҳамин сол ба фаъолият пардохта, айни ҳол чил нафар машғули меҳнатанд, ки аксарияташон мавсимӣ мебошанд. То имрӯз ба коргоҳ ду ҳазору дусад тонна «тиллои сафед» ворид гардида, моҳи ноябр агар 368 тонна нахи пахта истеҳсол гардида бошад, дар даҳ моҳи соли равон ба миқдори 474,8 тонна нах ва 738,5 тонна чигити пахта, 22,4 тонна тибит, 6,6 тонна пат (пух) ва дарозои даҳ моҳи соли равон 10,5 тонна торак истеҳсол гардидааст. Аз 13 корхонаи коркарди пахта ҶДММ «Довуд» имсол фаъолият набурдааст.

Давоми даҳ моҳи соли равон корхонаҳои коркарди пахта ба миқдори 464,9 тонна равғани растанӣ истеҳсол карданд, ки дар ин саҳми ҶДММ «Зафаробод Инвест» (роҳбараш Раҳматшо Ҷумъаев) (439 тонна) назаррас аст. Аммо дар ҶДММ «Ганҷи Зафаробод» агар дар давоми даҳ моҳи соли 2019 - ум 96,9 тонна равғани растанӣ истеҳсол гардида бошад, вале дар ҳамин давраи соли равон ҳамагӣ 14 тонна маҳсулот гирифта шудааст. Дар ҶДММ «Пахтаи Зафаробод» соли пешин 89,6 тонна, имсол бошад, ҳамагӣ 2,8 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст. Истеҳсоли нахи пахта дар корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳия нисбат ба соли пешин назаррас буда, агар соли 2019 ҳамагӣ 5329,8 тонна нахи пахта ба даст оварда бошанд, имсол дар ҳамин давра 6412,9 тонна истеҳсол гардидааст, ки дар ин самараи меҳнати корхонаҳои ҶДММ «Зафаробод Инвест» (2759 тонна), ҶСК «ДСМ – 19» (788 тонна), ҶДММ «Мирзошавкат» (479,8 тонна), ҶДММ «Ховари умед» (474,8 тонна) ҶДММ «Ганҷи Зафаробод» (463,5 тонна), ҶДММ «Тӯраҷон» (406 тонна) хеле назаррас мебошад.

- Ба сабаби гарм омадани фасли тобистон, - ёдовар мешаванд деҳқонони асил, - нашъунамои пахта низ мувофиқи матлаб буд. Аз ин рӯ, нишондоди чигит низ дар корхонаҳои коркарди пахта нисбат ба соли пешин хуб арзёбӣ гардидааст. Кормандони ҶДММ «Зафаробод Инвест» - 4022 тонна, ҶСК «ДСМ - 19» - 1060,8 тонна, ҶДММ «Мирзошавкат» - 776,6 тонна, ҶДММ «Ганҷи Зафаробод» - 746, тонна, ҶДММ «Ховари умед» - 738,5 тонна, ҳамчунин корхонаҳои ҶДММ «Ҷавонон», ҶДММ «Комилҷон - 2013», ҶДММ «Насимҷон - 94» низ самаранок меҳнат намудаанд. Аммо дар ин давра маҳсули меҳнати ҶММ «Логин» (роҳбараш Саъдулло Додобоев) ва ҶДММ «Довуди Зафаробод» (роҳбараш Орзу Саидов) дар истеҳсоли чигит умуман дида намешавад.

Дар давраи фаъолияти имсола корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳияи Зафаробод дар истеҳсоли тибит (линт) (ҳамагӣ 170,3 тонна) ва торак (улюк) 111,8 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 – ум (443,3 тонна ва 148,9 тонна) мувофиқи матлаб набошад ҳам, аммо пат (пух) соли 2019-ум 72,2 тонна ва имсол 94,4 тонна истеҳсол гардидааст.

Тавре сардори шуъбаи омори ноҳияи Зафаробод А. Исоев қайд кард, корхонаҳои коркарди пахта то ҷамъбасти сол самаранок меҳнат карда, дурри гаронбаҳоро то пағаи охирон аз замин бардошта, коркарди онро самаранок хоҳанд кард.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh