Рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёт

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, Форуми ҷумҳуриявии иқтисодӣ дар мавзӯи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Шариф Раҳимзода тариқи онлайн ва муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, коршиносон, олимону мутахассисони соҳавӣ, соҳибкорону намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои ватанӣ иштирок ва баромад карданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода форуми ҷумҳуриявиро ифтитоҳ намуда, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолиро аз масъалаҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки баргузории Форуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби олимону мутахассисони соҳавӣ дар таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ омили муҳим хоҳад буд.

Сипас, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода тариқи онлайн баромад намуда, таъкид дошт, ки итминон дорем, ки дар доираи кори форум мубодилаи афкор перомуни дарёфт ва пешниҳоди роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кишвар дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳамбастагии илму истеҳсолот сурат мегирад ва хулосаю пешниҳодоти олимону мутахассисон дар амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат заминаи мусоид хоҳад гузошт. Дар идома олимону мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои ҳолати муосир, муаммоҳо ва рушди устувори макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди устувории иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар шароити таҳдидҳои нав ва оқибатҳои COVID – 19, ҷабҳаҳои назариявӣ ва амалии таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон, иқтисодиёти рақамӣ дар низоми баланд бардоштани рақобатпазирии хоҷагидории миллӣ ва рушди устувор, ташаккули муҳити мусоиди сармоягузорӣ, рушди инноватсионӣ ва модернизатсияи иқтисодӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва қарзии рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат – кафили гузариши иқтисодиёти миллӣ ба иқтисодиёти саноатӣ-инноватсионӣ маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.

Дар маърӯзаҳои илмӣ хулоса карда шуд, ки бо татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда беҳтар гардида, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва миқдори маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда меафзояд. Ин омилҳо ба рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбӣ хоҳад расонд. Дар доираи кори форуми мазкур бо иштироки соҳибкорони ватанӣ, докторантон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар намояндагону роҳбарони бокнҳо, ширкатҳои истеҳсолӣ, мобилӣ ва туристӣ иштирок ва баромад намуданд. Сипас, байни ҳамкорон ва иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкор ба миён омад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳои хориҷӣ, омода намудани мутахассисони лаёқатманди ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, татбиқи илм дар истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва воридотивазкунанда, дастгирии соҳаҳои мухталифи соҳибкории миллӣ, истифoдаи самаранoки иқтидoрҳoи иқтисoдии кишвар дар истеҳсoлoти мoлҳoи сoдирoтӣ, дарёфти самтҳои муосири рушди соҳаи сайёҳӣ, рушди муносибатҳои танзимкунанда дар доираи иқтисодиёти рақамӣ, истеҳсоли маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, таъмини бехатарӣ ва коркарди низоми сифати маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳаи саноати хӯрокворӣ тавассути ҷорӣ намудани сертификатсиякунонии байналмилалӣ, истифодаи оқилонаи неруи гидроэнергетикӣ, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии танзими андозии нархгузории трансфертӣ ва татбиқи он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ натиҷагирӣ аз кори форуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ буд, ки омили муҳим дар таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кишвар дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид дар ҳамбастагии илму истеҳсолот ба ҳисоб меравад.

Дар охир маросими бастани шартнома бо ҳамкорон сурат гирифта, як қатор иштирокчиёни форум бо шаҳодатномаҳо ва туҳфаҳоим раёсати донишгоҳ сарфароз гардиданд.

Сино ҒАФУРӢ,

мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh