САРФАКОРИИ НЕРУИ БАРҚ - БАРАКАТИ РӮЗГОР

Тайи як моҳи охир зуд-зуд хомӯш шудани қувваи барқ дар вилоят сару садоҳои зиёдеро ба миён овард. Масъулони соҳа сабаби онро дар пеш бурдани корҳои таъмирии шабакаҳои барқ арзёбӣ карданд. Дар ин муддат чанд гузоришҳои телевизионӣ аз вазъи барқтаъминкунии деҳот низ омода карда шуд, ки сокинон аз вазъи баамаломада як андоза норозигӣ ҳам баён карданд.

Инак, баъди анҷоми корҳои таъмирӣ роҳбарияти соҳа расман эълон доштанд, ки аз ин пас дигар қувваи барқ ба аҳолӣ бе танаффус интиқол дода мешавад. Табиист, ки хурсандии аҳолиро аз ин навид ҳадду канор нест. Дар ин радиф Ширкати «Барқи Тоҷик» ба аҳолӣ муроҷиатнома қабул кард, ки арзи дили барқчиҳо сокинонро бетараф нагузошт. Инак, фикру мулоҳизаи мардум.

Валиназар Ғоибов, табиб, шаҳри Истиқлол:

 - Муждаи ба анҷом расидани қатъкунии неруи барқ баробари сокинону кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мо - муҳофизони саломатии мардумро низ басо шоду мамнун кард. Охир барои табобати ҷорӣ ё ин ки ҷарроҳии фаврӣ қувваи барқ чун обу ҳаво зарур аст.

Дар ин радиф камина ҷонибдори муроҷиати барқчиёни кишвар ҳастам, ки мо бояд дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошем. Имрӯз бояд ҳар сокини мамлакат бо дарки он, ки моро зимистони сарду дарозмуддат дар пеш аст, дар истифодаи барқ андешаманд ва сарфакор бошад, ки исрофкорӣ дар ин самт ва умуман дар тамоми самтҳои зиндагӣ инсонро ба нокомӣ дучор мекунад.

Абдураҳим Шокиров, кишоварз, шаҳри Конибодом:

- Арзи сипос мекунам ба кормандони соҳаи барқтаъминкунии кишвар, ки ниҳоят бо кӯшишу эҳтимоми эшон интиқоли қувваи барқ шурӯъ аз санаи 10-уми декабр доимӣ шуд. Аслан дар кори кишоварзӣ чандон истифодаи неруи барқ ба таври фаровон ба кор бурда нашавад ҳам, аммо дар андешаи он ҳастем, ки пахтаи рӯёнидаамон мо ҳарчи зудтар коркард шаваду деҳқон музди ҳосили супоридаашро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ, хоса омодагӣ ба мавсими соли оянда истифода барад.

Имрӯзҳо моро ҳарчи зудтар зарур аст, ки заминро шудгор намуда, таҳкурсии ҳосили хуби соли ояндаро гузорем. Аммо дар корхонаҳои коркард ва дар маҷмӯъ кулли соҳаву сокинони кишвар истифодаи сарфакоронаи неруи барқ омили асосии мунтазам таъмин будан бо қувваи барқ аст.

Насиба Шарифова, омӯзгор, ноҳияи Ҷаббор Расулов:

- Хуб шуд, ки ниҳоят маҳдудияти қувваи барқ муваққатӣ бошад ҳам, ба анҷом расид. Инак, чанд руз аст, ки дар хонаҳои мардум ва ҳамзамон муассисаҳои таълимӣ қувваи барқ бе маҳдудият интиқол дода мешавад. Ҳол он ки бинобар қатъ шудани қувваи барқ рӯзона имконияти гузаронидани соатҳои таълимии таҷрибавӣ, хоса аз фанҳои дақиқ як андоза мушкил буд ва, хушбахтона ин ҳама паси сар шуд.

Ҳамчун омӯзгор таъкид карданиам, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқро мо бояд ҳамарӯза ба хонандагон ёдрас кунем. Ин, аз як ҷиҳат тарбия ва аз ҷиҳати дигар, мусоидат ба дастгирии муроҷиати барқчиёни мамлакат мегардад, ки танҳо дар сурати истифодаи оқилонаву сарфакоронаи қувваи барқ мо бо нерӯи барқи доимӣ таъмин буда метавонем.

Кароматулло Баҳодуров, собиқадори хизмати давлатӣ, шаҳри Бӯстон:

- Насиб будааст, рӯзҳои сахти бебарқии охири солҳои 90-ум ва ибтидои солҳои 2000- умро паси сар кардем. Бо кӯшишу эҳтимоми Пешвои муаззам, Президенти маҳбуб ба истиқлолияти энергетикӣ ҳам расидем, маҳдудияти сахт бардошта шуд. Фаҳмидем, ки ин маҳдудиятҳои муваққатӣ бинобар пеш бурдани корҳои таъмирӣ будааст. Мана, боз барқамон доимӣ шуд.

Ҳамчун шахси рӯзгордида ва пастиву баландиҳои зиндагиро аз сар гузаронида, бо ҳамовозӣ аз муроҷиати барқчиёни мамлакат, хоса ба ҷавонон эҳтиром оварда, гуфтаниам: Фарзандони азиз, дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошед. Бо ин амал, шумо, якум, аз пардохти беҳудаи маблағи истифодаи қувваи барқ бурд мекунеду, дуюм, дар эҳтиёт кардан аз садамаҳои пойгоҳҳои неруи барқ саҳмгузор мешавед. Ин амалро на танҳо насли ҷавон, балки кулли мардум ба ҷо оранд, зеро, дар урфият «Қатра - қатра дарё шавад» гуфтаанд.

Фароҳамсоз

Маъмурахон САМАДОВА,

Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh