САҲМ ДАР ТАЪМИНИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

Дар рӯзҳои долу зарби маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта деҳқонони зафарманди ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳар рӯзе ба миқдори 2,2-2,7-фоизӣ ҳосилро аз замин бардошта, ба хирмани умумии вилоят зам мекарданд. Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, бахусус хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз (раисаш Акмал Мансуров) хуб меҳнат карда, аз пешқадамони арсаи меҳнат гардиданд ва ҷамоати деҳоти беҳтарини бистрӯзаи дуюм дониста шуданд.

Тавре сардори идораи кишоварзии ноҳия Илҳом Аҳмадзода иброз дошт, соли равон хоҷагиҳои ноҳия дар майдони 5797 гектар пунбадона кишт карда, тадбирҳои агротехникии пахтазорро сари вақт анҷом доданд. Парвариши ниҳолҳоро хуб ба роҳ монда, ҳосили дилхоҳ рӯёниданд ва санаи 8-уми ноябр аз иҷрои нақша ба Раиси вилоят муҷдаи зафар расониданд. Ба ҷои 12 240 тоннаи нақша 12 908 тонна «тиллои сафед» ба даст оварда шуд, ки ин 105,5 фисади дурнамо мебошад.

Дар ин ғалабаи меҳнатӣ саҳми хоҷагиҳои кишоварзии ба номи Имоми Аъзам (раисаш Қувватбек Раҳимов), «Яккатут» (раисаш Носир Очилов), «Сапедулло Бобо» (раисаш Ҳабибулло Шарифов), «Азимполвон» (раисаш Абдумалик Полвонов), «Сорбон» (раисаш Абдуҷалил Шодиев), «Бахт» (раисаш Доно Омонқулова), «Қодирбобо» (раисаш Сулаймон Қодиров) ва дигарҳо шоиста аст, ки ҳар кадоме аз як гектар 40-45-сентнерӣ ҳосил бардоштанд. - Соли равон, - гуфт сардори идораи кишоварзии ноҳия, - деҳқонон навъҳои чигити тухмии хориҷии «Флеш», «Синзян-39», «Иншан-2» ва маҳаллии «Тезпур»-ро кишт карда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба гирифтани ҳосили баланд ноил гаштанд.

–Кишти пахта барои кишоварзони мо сол аз сол зироати даромадовар будани худро собит намуда истодааст ва тамоми хоҷагиҳо ба кишти ин зироат манфиатдоранд. Дар ноҳия бештари заминҳои кишт обӣ мебошанд, аз ин рӯ кишоварзон аз оби равон босамара истифода бурда, давоми сол аз як замин ба гирифтани ду-се зироат кӯшиш мекунанд. Аммо алҳол тахминан якуним ҳазор гектар замин аз об танқисӣ мекашад ва дар ин заминҳо давоми сол як маротиба зироат кишт мекунему халос, - мегӯяд Илҳом Аҳмадзода.

- Соли равон дар майдони 1066 гектар кишти шолӣ ба роҳ монда шуд. Мутахассисон апробатсия гузаронида, ҳосили тахминиро 54, 3 сентнерӣ аз ҳар гектар муайян намуданд. Кишти шолӣ дар ноҳия асосан дар минтақаи Ҷамоати деҳоти Деҳмой ба роҳ монда мешавад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, мо имсол шолиро аз ҳар гектар як сентнерӣ нисбат ба соли гузашта изофа ба даст овардем, - гуфт сардори идораи кишоварзӣ. Имсол дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ дар 631 гектар картошка кишт гардид. То имрӯз аз ҳар гектар 128,5-сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шудааст.

- Ҷоиз ба зикр аст, ки,-мегӯяд сардори идораи кишоварзӣ,-дар ноҳия бахши кишоварзӣ дар алоҳидагӣ, аҳолӣ дар алоҳидагӣ баҳри рушди соҳа саҳмгузорӣ мекунанд. Аз ҷумла, аз замини кишти картошка ҳамагӣ 125 гектараш ба бахши кишоварзӣ рост меояд, боқимонда ҳосилро сокинони шарафманди ноҳия дар заминҳои наздиҳавлигии худ парвариш намудаанд, ки дар натиҷа ҳам рӯзгори сокинон аз ин навъи сабзавот таъмин асту ҳам ба дигар манотиқи вилоят ба фурӯш бароварда мешавад. Дар соҳаи сабзавотпарварӣ низ саҳми аҳолӣ арзишманд аст. Соли равон дар 723,5 гектар сабзавот, аз ҷумла пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, сирпиёз кишт карда шуда, 1696 тонна ҳосил ба даст оварда шуд. Ин аз ҳар гектар 244,6-сентнерӣ рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 6,2-сентнерӣ афзун аст. Чунонки маълум аст, ноҳияи мо бо рӯёнидани пиёз, бо ин намуди сабзавот таъмин гардондани сокинони мамлакат ва ба хориҷи кишвар содир намудани он шӯҳрат дорад.

Имсол низ бо рӯёнидани ҳосили фаровони ин намуди маҳсулот деҳқонон ҳам рӯзгори сокинони вилоят ва кишварро обод гардониданд. Дар ноҳия 1404 гектар боғ ва 60 гектар токзор мавҷуд буда, имсол ба миқдори 1698 тонна себ, зардолу, шафтолу, гелос, анор, хурмо ва дигар мевагиҳо ба даст оварда шуд. Дар ду сардхонаи ҳудуди ноҳия алҳол зиёда аз 8 - 10 ҳазор тонна меваву сабзавот захира карда шудааст ва бо назардошти талаботи мардум ба фурӯш бароварда мешавад. - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи имрӯзаи бамиёномадаи вобаста ба тамоми мамолики олам паҳншавии бемории коронавирус пайваста таъкид менамоянд, ки бояд сокинони мамлакат аз ҳар порча замини бекорхобида, замини наздиҳавлигии худ самаранок истифода баранд ва кӯшиш намоянд, ки ду-се зироати кишоварзӣ ба даст оранд. Ҳамчунин, аз гармхонаҳо ба таври васеъ барои ба даст овардани сабзавоту мева истифода намоянд. Дар ин радиф дар ноҳия бисту нӯҳ гармхона фаъолият мебарад, ки масоҳати умумиаш 2, 62 гектарро ташкил медиҳад.

Дар ин гармхонаҳо парвариши сабзавот, помидор, бодиринг, лимӯ, кабудӣ ба роҳ монда шудааст. То имрӯз ба сокинони вилоят бештар аз 15 тонна сабзавот ва 25,1 тонна лимӯ пешкаш карда шуд. Алҳол сабзиши помидору бодиринг дар нумуъ буда, моҳи январ, яъне арафаи Соли нави мелодӣ ба дастархони идонаи мардум пешкаш карда мешавад. Дар самти пешкаш намудани маҳсулоти тару тозаи гармхонаҳо ба мардум кишоварзони хоҷагиҳои «Зарофарин», «Боғбон», «Ҷумъабой» ва кишоварзон Т. Юнусов, Шерзод Абдуғафоров, Хайрулло Бойматов, Хайрулло Ҷӯраев хизмати шоиста доранд.

Умуман, дар маҷмуъ аҳли меҳнати хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия заҳмати бурдборонаи худро баҳри истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон арзёбӣ намуда, имрӯзҳо шудгори босифати замин, дигар тадбирҳои агротехникии кишоварзӣ, аз ҷумла яхобмонӣ, даровардани поруро ба роҳ монда, азму иродаи қавӣ доранд, ки ба ҳосили соли нав заминаи қавӣ гузоранд ва дар соли таърихии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh