ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ НЕРУИ БАРҚ: ВАЗЪИ ВОҚЕӢ ВА МАСЪУЛИЯТ

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ НЕРУИ БАРҚ: ВАЗЪИ ВОҚЕӢ ВА МАСЪУЛИЯТ ё дахолат ба системаи биллингӣ ва ҳисобкунакҳои барқӣ имконнопазир аст

Аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар қарор гирифт. Дар ин ҷода бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расиданд.

Дар кишвар тавассути барқарор намудани инфрасохтори мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, паст кардани талафоти он ва бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ натиҷаҳои хуб ба даст омаданд. Ниҳоят эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба неруи барқ бароварда гардид. Аҳолӣ пурра бо барқ таъмин шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин иқдоми нек бо ифтихор ва сипосгузорӣ истиқбол намуданд.

Бино ба иттилои муовини сармуҳандиси Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд Ҷумъа Воҳидов, дар шабакаҳои барқии шаҳр 12 адад зеристгоҳи барқие, ки аз он бо хатҳои интиқоли барқии 6 - 10 кВт аз зеристгоҳи барқӣ таъминоти барқи муштариёни маишӣ - саноатӣ ва ғайри- саноатӣ ба вуқӯъ мепайвандад, дар ҳолати омодабош мебошад. Дар ин маврид дар тавозуни шабакаҳои барқӣ 360 адад истгоҳи трансформатории 6 - 10 кВт мавҷуд буда, трансформаторҳое, ки дар тавозуни муштариён аст, 6 - 10-киловолта 402 адад буда, дар маҷмуъ 762 ададро ташкил медиҳад, ки бо пуррагӣ дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби зеристгоҳҳои барқӣ 296,9 мегаволт - амперро ташкил медиҳад.

Хатҳои интиқоли барқии 10 кВт 184,442 километр, хатҳои интиқоли барқии 6 кВт 66,082 километр, хатҳои интиқоли барқии кабелии зеризаминии 10 кВт 136,631 километр, хатҳои интиқоли барқии зеризаминии кабелӣ 117,873 километрро ташкил медиҳад. Хатҳои интиқоли барқии сиб (симҳои рӯйпӯшкардашуда) дар шабакаҳои барқии шаҳр баъд аз гузаронидани лоиҳаи кам кардани талафоти неруи барқ ин 935 ҳазору 340 километр мебошад. Барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 аз тарафи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд нақша - чорабинӣ иборат аз 31 банд омода шуда, то санаи 29 - уми сентябри соли 2020 ҳамаи бандҳои ба нақша гирифташуда ба пуррагӣ иҷро гардидааст. Инчунин, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 доир ба баҳрабардории таҷҳизот дар Шабакаҳои барқии шаҳр таҷҳизоти барқӣ, равғанҳои молиданӣ ва боқимонда маводи зарурӣ ба миқдори зарурӣ захира шудааст.

Дар мавриди дақиқкории фаъолияти ҳисобкунакҳои барқӣ Илҳомҷон Сангинов, сардори хадамоти фурӯши барқи шаҳр қайд кард, ки маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикорот ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд инкишоф ёфта, бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ, яъне худкор дар соҳаи энергетика роҳандозӣ шуд ва он бомуваффақият анҷом ёфт. Ин лоиҳа имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳр таҷдиду азнавсозӣ шуда, талафоти неруи барқ паст ва шиддатнокии он беҳтар шуд. 63 000 ҳисобкунанки барқӣ ба манзили муштариён насб карда шуд. Низоми биллингӣ аз муштариён тақозо менамояд, ки бояд дар марвиди оқилонаву сарфакорона истифодабарии неруи барқ мардум ҳушёр бошанд. Дахолати инсон ба системаи биллингӣ, хусусан ба ҳисобкунакҳои барқ имконнопазир аст.

Бояд зикр намуд, ки истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ҳамчун роҳи паст кардани талафоти неруи барқ, ки пайваста сурат мегирад, дар асоси ҳадафҳои раҳоӣ аз буҳрони энергетикӣ натиҷаи пурсамар ба бор овард. Бо ҷорӣ гардидани истифодаи таҷҳизоти каммасраф дар кишвар нуқтаҳои махсуси фурӯш ифтитоҳ ёфтанд. Чунин иқдом дар доираи татбиқи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия амалӣ шудааст. Дар ин муддат ташкилоту идора ва аҳолӣ ба истифодаи ин таҷҳизот гузаштанд, ки манфиати он ҳам ба буҷети оила ва ҳам ба корхонаву ташкилот буда, боиси коҳиш ёфтани ҳолатҳои садаманокӣ дар истгоҳҳои барқӣ ва кам гардидани серборӣ дар трансформатору дигар инфрасохтори интиқолдиҳандаи неруи барқ аст.

Бино ба гуфти Комилҷон Шарифов, муовини сардори Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Хуҷанд истифодаи таҷҳизоти каммасраф сарфаи нерӯи барқро чанд маротиба кам мекунад. Ногуфта намонад, ки дар асоси Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик», қарори Ҳукумати кишвар ва барқияи фаврии Раиси вилоят Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳр як қатор корҳои ҳадафрасро ба сомон расонид.

Аз ҷумла оид ба муносибати сарфакоронаву самаранок истифода бурдани қувваи барқ вохӯриву мулоқотҳо ва маслиҳатҳои амалӣ дар маҳаллаҳову муассисаҳои таълимӣ ва корхонаву коргоҳҳои шаҳр гузаронида шуда, ба сокинон тарзи дуруст ва оқилона истифода бурдани неруи барқро фаҳмониданд. Ногуфта намонад, ки истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқии гармидиҳанда ва беаҳамиятӣ дар истифодаи неруи барқ метавонад, боиси рух додани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор гардад.

Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, беш аз чанд сол мешавад, ки истифодаи таҷҳизоти каммасраф, аз ҷумла фурӯзонакҳои каммасраф дар мамлакат ҷорӣ гардидааст. Масъалаи дигар ин аст, ки алҳол аксарияти сокинон ҳанӯз ҳам аз лампаҳои тафсон, ки то ҳол дар савдо қарор дорад, истифода мебаранд. Ҳарчанд истифодаи чунин лампаҳо сарфи неруи барқро бештар гардонад ҳам, сокинон фикр накарда, онро мавриди истифода қарор медиҳанд. - Фарши гарм боиси паст шудани сифати шиддати қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мегардад. Ин ҳолат ҳамасола, махсусан дар фасли сармо ба сифат ва ҳам талафоти нерӯи барқ таъсиргузор аст, - гуфт номбурда.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи манбаи дигари энергия ба монанди ангишт, газ ва ғайра кам гаштааст, ки аз ин сабаб серборӣ асосан ба соҳаи барқ рост меояд. Ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ боиси аз талабот зиёд сарф шудани он мегардад. Рӯзона, дар вақтҳои таъмини кофии рушноӣ ҳам фурӯзон будани таҷҳизоти равшанидиҳанда дар бисёр иншооту хонаҳо мисоли истифодаи бесарфаю аз меъёр зиёди қувваи барқ мебошад. Ин ҳолатҳо асосан дар марказҳои хизматрасонӣ, дӯкону мағозаҳо ба мушоҳида мерасанд. Ин гуна ҳолатҳо шаҳодати он аст, ки соҳибони ин гуна корхонаю муассисаҳо ба қадри истеҳсоли қувваи барқ намерасанд. Талаботи истифодаи сарфаҷӯёнаи энергияро риоя намекунанд ё худ истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф низ боиси на танҳо сарфи зиёди энергияву хароҷоти зиёд ба истеъмолкунанда, ҳамзамон зарар ба хатту таҷҳизоти барқӣ аст.

Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикаи мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh