Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди бунёд ва фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии шаҳр боздид намуд

18 –уми декабри соли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёд ва фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии шаҳр ва иншооти иҷтимоӣ боздид ба амал оварданд.

Нахуст дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” аз фаъолияти бунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс»  шиносоӣ пайдо карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки  корхонаи нав - «Азияполитекс» барои истеҳсоли халтаҳои гуногун  пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1, 6 бунёд гардида, маблағи сармоявии ширкат 2 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила ба 8, 8 миллион доллари ИМА расонида мешавад, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он  беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  бо ёдоварӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, таъкид намуд, ки ин иқдомро саноатчиёни вилоят ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд. Дар ин замина дар минтақаи озоди иқттисодии “Суғд” заминаҳои васеъи роҳандозии фаъолият муҳайё карда шудааст.

Дар минтақаи шимолу шарқии саноатии шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли равғани омехтаи  ҶДММ “Субҳи заррин”, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии соҳибкор Ҷумъабой Абдулакимов,  фабрикаи мурғпарварии “Насими Истиқлол” ва корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии “Мироби Суғд” аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли равғани омехтаи  ҶДММ “Субҳи заррин” ба истеҳсоли навъҳои гуногуни равғани зард ва маргарин машғул буда, маҳсулоти хоми коргоҳҳои ширии дохилиро коркард менамояд. 5 навъи маҳсулоти тайёри корхонаи мазкур  алҳол ба бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Иқтидори шабонарўзии корхона то 1600 кило маҳслуоти тайёрро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди корхонаи мазкур фабрикаи ҶДММ Назари нек” фаъолият дорад, ки ба забҳи мурғ машғул аст. Дар як шабонарўз беш аз 1100 сар мурғ дар ин корхона забҳ карда шуда, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ банду баст гардида, ҳамчун маҳсулоти хоми гўшти парранда бо тамғаи “Далер” ба бозор пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин гурда ва сангдонаҳои мурғ низ банду баст шуда дар алоҳидагӣ ба фурўш бароварда мешавад. Дар ин корхона беш аз 30 нафар фаъолият дошта, бо ҳисоби миёна то 1200 сомонӣ маош мегиранд.

Дар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии соҳибкор Ҷумъабой Абдулакимов ба истеҳсоли 7 намуд нони хушки реза машғул буда, беш аз 30 нафар фаъолияти пурсамар доранд. Дар корхона бо иқтидори мавҷуда нон тайёр шуда, сипос онро бо технологияи махсус хушк карда, маҳсулоти нони хушки реза тайёр менамоянд, ки маҳсулоти воридотивазкунанда арзёбӣ мешавад. Дар як шабонарўз беш аз 800 кило маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Насли Истиқлол” аз наздик шинос шуд. Зимни муаррифии имкониятҳои корхона иттилоъ дода шуд, ки айни замон наздик дар ҳар як марҳила то 25 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад ва чӯҷаҳо давоми 40 рўз тайёр  ва забҳ карда мешаванд.

Тибқи нақша дар фабрикаи мазкур боз як коргоҳи парвариши парранда ба нақша гирифта шуда, саршумори он то ба 50 000 сар расонида хоҳад шуд. Дар назди ҷаъият ҳамчунин яхдон ва сехи истеҳсоли комбикорм мавҷуд мебошад, ки ба рушду тавсиа корхона пешбинӣ шудааст.

Раиси вилоят ҷиҳати пурра истифода намудани имкониятҳои корхона, таъмир намудани деворҳои иҳотавии он ва батратибдарории майдон супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷараёни сафари кории худ Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ “Мироби Суғд” ва раванди бунёди маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” ва кўдакистони №35  ошноӣ пайдо намуд.

Add comment


Security code
Refresh