Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи энергетикҳо

Ҳамасола 22-юми декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи  энергетикҳо таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи кормандони соҳаро табрику таҳният менамоям.

Соҳаи электроэнергетикаи кишвари мо, ки дар асоси захираҳои пуриқтидори обии ҷумҳурӣ бунёд шудааст, рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад. Тараққиёти хоҷагии халқ, беҳбудии рўзгори мардуми вилояту ҷумҳурӣ аз пешравии ин соҳа вобастагии калон дорад.

Ҳадафи муҳими имсола, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмини бефосилаи аҳолӣ ва соҳаҳои хоҷагии халқ бо нерўи барқ қадами қатъӣ ба сўи истиқлолияти энергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз амалӣ гардидани сиёсати бобарори энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳодат медиҳад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ва махсусан, солҳои охир дар соҳаи энергетикаи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, зеристгоҳҳои барқӣ ва садҳо километр хатҳои интиқоли нерўи барқ сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҳоло дар асоси нақша таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” амалӣ шуда истодааст. Тибқи қарордод барои татбиқи лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии Нерўгоҳи барқи обии «Қайроққум» 149,9 млн. доллари ИМА масраф шуда, баъди таҷдид ва барқарорсозӣ иқтидори нерўгоҳ афзуда, он ба 174 МВт расонида мешавад, ки истеҳсоли миёнаи нерўи барқ 38 фоиз меафзояд ва мўҳлати истифодабарии таҷҳизот зиёд мегардад.

Бо боварии  комил метавон гуфт, ки  амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо, ки татбиқи ҳадафҳои  стратегии  мамлакат дар соҳаи  энергетика мебошад, аз кормандони соҳа, вобастагии калон дорад.

Дар ин  радиф, ба Шумо, энергетикҳои вилоят, барору комёбӣ ва дастовардҳои калони меҳнатиро таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак, дўстони азиз!

Add comment


Security code
Refresh