Паём - роҳнамои фаъолият

Санаи 26 - уми январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла устодону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, роҳбарият ва кормандони Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А.Нурматов ва Маркази саратоншиносии вилояти Суғд муташаккилона тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо карданд.

Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи кишвари моро ба сӯи фардо муайян намуд, назди ҳар як фарди солимфикр, шахси ватандӯсту меҳанпарвар вазифаю масъулияти навинро вогузор намуд.

Пешвои миллат доири ҳар як бахши фаъолият, чӣ иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу тандурустӣ, қонунгузорию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумоти муфассал дода, соҳаҳои мазкурро ба таври возеҳу равшан таҳлил намуданд. Аз ҷумла Пешвои муаззами миллат соҳаи тандурустиро яке аз бахшҳои муҳим арзёбӣ намуда, солимии ҷомеаро ба фаъолияти  босамари ин бахш марбут донистанд. Чуноне ки Сардори давлат иттилоъ доданд, имрӯз дар ҷумҳурӣ 1300 иншоот - муассисаҳои тиббӣ фаъолият менамояд. Танҳо давоми соли гузашта 108 иншооти тиббӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Махсусан Роҳбари давлат аз хизмати кормандони соҳаи тиб ҳангоми мубориза алайҳи бемории коронавируси «КОВИД-19» изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр доштанд, ки хизмати табибон,  бахусус бонувон дар ин марҳала қаҳрамонӣ буд. Чунки онҳо натарсида, дар кори табобати маризони коронавирус саҳми арзандаи худро гузоштанд. Чун мардони ватандӯсту инсонпарвар лоиқи ҳама гуна таърифу тавсиф ва қадрдонӣ мебошанд.

Кормандои соҳаи тиб аз ин суханон рӯҳбаланд гардида, изҳор доштанд, ки минбаъд низ фаъолияти худро мувофиқи дастуру нишондодҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба он равона хоҳанд кард, ки нуктаҳои дар Паём зикргардида дар ҳаёт амалӣ гарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар паёмашон зикр намуданд, ки хушбахтона, дар ҷумҳурии мо бемории «Ковид-19»  аз байн рафтааст, вале баробари ин ҳушдор доданд, ки аз ин набояд фориғбол гардему нисбат ба саломатии худу атрофиён бепарво бошем. Дар ин раванд Пешвои миллат таъкид ба амал оварданд, ки  эҳтиёткориро дучанд намуда, ба қоидаҳои тозагию санитарӣ, маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон риоя намоем, ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузорем.

Кормандони соҳаи тиб минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вохӯрию суҳбатҳоро дар байни аҳолӣ бештар намуда, оид ба ҳифзи сиҳатии омма маслиҳату тавсияҳои зарурӣ дода, ҳар гуна брашюра ва буклетҳои вобаста ба пешгирии бемории коронавирусро дастрас гардонанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh