Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар шаҳри Панҷакент

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент рӯзи 28 январ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Нахуст роҳбари вилоят аз мавзеи бунёди муҷассамаи «Рамзи китоб» боздид кард. Тавре зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, «Рамзи китоб» бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент қомат хоҳад афрохт. Ҳалқаи давраи поёнии деворпоя — 20 метр, ҳалқаи поёнӣ — 5,5 метр ва давраи болоӣ — 4 метрро ташкил медиҳад. Он аз 5 сутунпоя — ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи «панҷ» ва «кат» аз забони суғдӣ – деҳа иборат мебошад.

Дар ин сутунпояҳо нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода ёфтаанд. Дар болои сутунпоя давраи электронӣ ҷойгир аст, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамчун сатри равон мунтазам пахш мегарданд. Аз болои давраи электронӣ кураи Замин бо ифодаи харитаи Тоҷикистон ва дар кунҷи чап номи Панҷакент омадааст. Дар атрофи кураи Замини тасвирёфта хомаву ранг ва китоби кушода нишон дода шудаанд.

Дар китоб мисраъҳо аз ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик — Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаккокӣ шудаанд.

Атрофи «Рамзи китоб» бо гулу буттаҳои ҳамешасабз оро ёфта, дар атрофи рамз фаввора нишон дода шудааст, ки ифодакунандаи ташаббуси башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва сероб будани Тоҷикистони биҳиштосо мебошад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ барои такмили лоиҳа ва тақвияти корҳои ободонивуу хуррамгардонӣ ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят бо рафти бунёди меҳмонхонаи соҳибкор Далер Ҳамроқулов ошно шуд. Меҳмонхонаи мазкур, ки дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст, аз шаш ошёна иборат буда, дорои 70 ҷой мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh