Мулоқоти Раиси вилоят бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарранро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо бо ëдоварӣ аз сиëсати пешгирифтаи Сарони давлатҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Фаронса дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду маориф, фарҳангу ҳунар ҳамкориҳои зич дошта, барои тақвияти равобит аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд.

Ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо барои густариши робитаҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh