КОҲИШЁБИИ ФАЪОЛИЯТ АЗ ТАЪСИРИ ПАНДЕМИЯ

Директори генералии ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбон Алимардон дар нишасти матбуотӣ зикр дошт, ки ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» фаъолияти худро давоми соли 2020-ум дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсия ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ ба роҳ монд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷаҳон паҳн гаштани бемории сироятии COVID19 таъсири худро ба ҳамаи соҳаҳо расонд, аз ҷумла дар фаъолияти фурудгоҳ низ таъсири манфӣ эҳсос шуд. Дар соли сипаригардида даромаднокии «Фурудгоҳи байналмилалиии Хуҷанд» нисбат ба ҳамин давра ба маблағи 122 848 394 сомонӣ кам шуда, хароҷот бошад, ба маблағи 34 819 561 сомонӣ кам гардидааст, ки натиҷаи молиявии худро дар соли 2020-ум бо зарари ба маблиғи 6 миллиону 368 ҳазор сомонӣ ҷамъбаст намуд. Айни замон шумораи миёнаи кормандон 824 нафар буда, аз онҳо 179 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки бинобар қатъ гардидани тамоми парвозҳо ва кам гардидани ҳаҷми кору хизматрасонӣ аз моҳи марти соли гузашта, зиёда аз 70 фоизи кормандон ба рухсати бемузд равона карда шуда, маблағи қарзи музди меҳнати кормандон 1 миллиону 90 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Парвозҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” аз ҷониби ҳашт ширкати ҳавопаймоӣ ба роҳ монда шуда, дар соли 2020-ум миқдори умумии хатсайрҳои банақшагирифташуда 2592 адад буда, аз ин шумора 619 хатсайр иҷро гардида, 1979 хатсайрҳо бо сабабҳои маълум аз фаъолият бозмонданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар ин давра ба 152 621 нафар мусофир хидматгузорӣ намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77 фоиз кам ба назар мерасад. Хатсайри доимӣ ва мунтазам дар соли 2020-ум 557 адад буда, назар ба соли 2019-ум 1840 хатсайр ва хатсайри чартерӣ низ 62 адад кам гардидааст. Сабаби асосии кам гардидани миқдори хатсайрҳо, шумораи мусофирон ва даромаднокии корхона дар саросари ҷаҳон паҳн гаштани бемории сироятии Ковид - 19 аст, ки таъсири он ба “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” расид, - иброз дошт Қурбони Алимардон.

Ҳамчунин, рӯзноманигорон ба намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии», «Сибир» ва «Сомон-Эйр» дар вилояти Суғд оид ба ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо, сабабҳои гаронии нархгузории чиптаҳо ба хориҷаву дохили кишвар ва сабабҳои кам гардидани миқдори хатсайрҳо ва чанде дигар суолҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

 

Add comment


Security code
Refresh