Оғози бунёди бинои Филиали “Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Дар шаҳри Бӯстон бинои Филиали “Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд мешавад.

Маросими гузоштани санги асос барои бунёди бинои  филиал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ доир шуд.

Таъкид карда шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати таҳким бахшидани пояҳои моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо пайваста чораандешӣ карда мешавад ва ин иқдоми наҷиби бунёди бинои нави Агентӣ низ дар доираи ҳамин тадбирҳои бунёдкорона ва фардосоз амалӣ гардида истодааст.

Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2004 ташкил шуда, ҳамчун мақоми танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионии дар вилояти Суғд фаъолият мебарад.

Зимни фаъолияти худ Филиали Агентӣ ҳаҷми калони корҳои мониторинги радиатсиониро дар самти таъмини бехатарии радиатсионии маҳфузгоҳҳои дар вилояти Суғдбуда иҷро намуда, таклифҳои мушаххасро оиди бехатаргардонии онҳо пешниҳод кардааст.

Ташкили бинои маъмурии мазкур имконият медиҳад, ки он ба маркази илмӣ-инноватсионии на танҳо вилояти Суғд, балки тамоми ҷумҳурӣ мубаддал гардида, обрӯю эътибори кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд бардорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh