ШАҲРЕСТ ДАР МАСИРИ РУШД

Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати беҳсозии вазъи кору хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақвият ёбанд.

Имрӯзҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ вусъат ёфта, иншооти таъиноти гуногун, ки боиси таҳкими инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо мегарданд, бунёду навсозӣ мешаванд. Шаҳри Истиқлол, ки яке аз шаҳрҳои нозанини даврони Истиқлолият маҳсуб меёбад, имрӯз симои он ба куллӣ дигар гаштааст.

Дар ин шаҳри саноатӣ давоми чанд соли охир корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтаанд. Гуфтан бамаврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне соли 1993 шаҳраки Табошар мақоми шаҳрро гирифт. Пас аз гузашти чанд сол 29 - уми марти соли 2012 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳр номи Истиқлол гузошта шуд. Ба бахти мардуми шаҳр бо ибтикори Сарвари давлат танҳо ивазшавии ном ба амал наомад, балки бо дастгирии пайваста дар ин муддат шаҳри Истиқлол чун дигар шаҳру навоҳии кишвар оростаю пероста гашт. Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат яке аз муаммои асосии сокинон - дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ роҳи ҳалли худро ёфт.

Рустамҷон Одизода, сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Истиқлол» дар суҳбат аз ободониву шукуфоии ин шаҳри овозадор ҳарф мезаду мегуфт: Имрӯз ҷумҳурии азизамонро дар даврони соҳибихтиёрӣ ба майдони бузурги сохтмон шабеҳ диҳем, пас шаҳри Истиқлолро метавон амсилаи хурди он ном бурд. Бунёдкорӣ, махсусан солҳои охир дар раванди омодагиҳои умумимиллӣ ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ равнақи тоза гирифта истодааст. Ба ин хотир, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақшаи сохтмони 130 иншооти таъиноти гуногунро таҳияву тасдиқ намудааст, ки аз он аллакай 90 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Имрӯзҳо қасри зебою хуштарҳи фарҳанг, мактаби мусиқии бачагона, осорхона ва китобхонаи оммавӣ ба шаҳр ҳусни нав зам намуда, боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ, майдонҳои Парчаму Нишони давлатӣ ва гулгашти ба номи Бобоҷон Ғафуров мавзеи дӯстдоштаи бошандагон гаштааст, - мегӯяд номбурда. Хушбахтона, имрӯзҳо дар шаҳри Истиқлол корҳои ободониву созандагӣ бо дастгирии сокинону соҳибкорон бомаром идома дорад. Баҳри ободии ин диёри нозанин сокинони кӯчаи Восеи маҳаллаи Табошари кӯҳна роҳи асосии дохили кӯчаро чароғон намуданд. Айни замон масъалаи чароғон кардани кӯчаву биноҳои истиқоматӣ, корхонаву ташкилот дар шаҳр идома дорад.

Тибқи иттилои номбурда, дар доираи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳр ба пуррагӣ чароғон шуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳр бинои хизматрасонӣ низ чароғон мешаванд. Ҳамчунин, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, дар шаҳр ҳашари умумишаҳрӣ ташкил шуда, барои корҳои ободонӣ, таъмири биноҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, анҳор, гирду атрофи корхонаҳо, идораҳои маъмурӣ, объектҳои иҷтимоию маишӣ, маҳаллаҳои зист ва кабудизоркунии кӯчаҳо, майдонҳо, гулгаштҳо ба роҳ монда шуд, ки дар он кормандони ташкилоту идораҳо, ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо иштирок намуданд. Инчунин, дар шанбегӣ зиёда аз 800 бех дарахти ҳамешасабз шинонида шуд.

Дар маҷмӯъ, корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Истиқлол бомаром идома дорад ва итминони комил дорем, ки сокинони меҳнатқарини он дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои нек ва дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои ҳадафҳои бузурги дарпешистода аз тамоми воситаву имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода хоҳад бурд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh