НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТ

Дар маҷлисгоҳи бойгонии вилояти Суғд ҷаласаи солонаи бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят баргузор гардид, ки дар он намояндагони бахшҳои бойгонии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. Сараввал мудири бахши бойгонии вилоят Абдумавлон Дадобойзода фаъолияти соҳаро натиҷагирӣ намуда, қайд кард, ки дар соли сипарӣ ба дӯши бахши бойгонӣ таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои назоратӣ, нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Раиси вилоят қарор дошта, кормандони бахш аз иҷрои он ба хубӣ баромаданд.

- Боиси қаноатмандист, ки дар ҳамаи муассисаҳои бойгонии вилоят барои нигоҳ доштани маълумоти бойгонӣ таҷҳизоти компютерӣ бо нигоҳдошти маълумот ва нусхабардории он харидорӣ шуда, камераи назоратӣ низ васл шудааст. Миқдори умумии хуҷҷатҳои аз маводи коғазӣ ба шакли электронӣ гузаронидашуда, беш аз 220 ҳазор варақ буда, барномаи компютерӣ оид ба ҳисобгирии ҳуҷҷатҳо ва осон намудани дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо таъсис дода бошад ҳам, аммо дар муассисаҳои бойгонии вилоят кор дар ин самт беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд, - илова намуд номбурда.

Масъалаи дигаре, ки таҳти назорати бахши бойгонӣ қарор дорад, ин дар самти ҳуҷҷатнигорӣ мувофиқ ба талаботи Дастурамали коргузорӣ ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва ба бойгонӣ супоридани ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин самт мо бояд мунтазам дар ҳолати бойгониҳои идоравии ташкилоту муассисаҳо санҷиш гузаронида, аз фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо воқиф бошем.

Ҳамчунин, бо иштироки масъулони раиси шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, масъулини коргузории муассисаҳои таълимӣ, фарҳанг, тиб дар мавзӯъҳои «Санадҳои меъёрию ҳуқуқии коргузорӣ, мафҳумҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ», риояи талаботи зарурӣ ба ҳуҷҷатҳои воридотӣ, содиротӣ, назоратӣ, мактуб, гузориш, ариза, суратҷаласа, фармон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, омода намудан ва ба бойгонӣ супурдани ҳуҷҷатҳо семинари омӯзишӣ гузаронида, дастурҳои методӣ ба иштирокчиён омода намоем, - таъкид намуд А.Дадобойзода.

Ҳамчунин, дар ҷаласа бобати беҳтар намудани бахши бойгониҳои шаҳру ноҳияҳо қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилоят “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба беҳтар намудани кори нигоҳдории давлатии сарватҳои бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ ва Шаҳристон бобати қабул, дӯхтан, таъмир ва ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳо корҳои назаррас анҷом дода шуда, мутаассифона, дар шаҳрҳу навоҳии Бӯстон, Гулистон, Деваштич, Зафаробод, Ашт ва Кӯҳистони Мастчоҳ кор дар ин самт беҳбудиро талаб менамояд.

Дар рафти ҷаласа маълум гардид, ки дар самти фароҳам овардани шароитҳои мусоиди нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, таҷҳизоти барқароркунандаи системаи ҳарорату рутубат дар ҳамаи муассисаҳои бойгонӣ ҳавотозакунакҳо насб гардида, ҳолати ҳарорат, рутубат ва намнокии маҳфузгоҳҳо мунтазам санҷида мешаванд. Дар ин давра мавҷудият ва ҳолати физикии 31000 парванда санҷида шуда, варақаҳои хирагашта ва фарсуда аз нав барқарор карда шуд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 65 хазинаи нав ташкил шуда, ба 47 хазина такроран ба миқдори 3294 парванда қабул карда шуд. Бино ва ҳуҷраҳои кории Бойгонии давлатии вилоят ва бахшҳои он дар шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва Панҷакент таъмири ҷорӣ гузаронида шуд, - қайд намуд А.Дадобойзода.

Дар охир ба масъулони бахши бойгонӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҳифзу нигаҳдории ҳуҷҷатҳои нодир ва амру фармонҳои Роҳбари давлат ва раиси вилоят, - қайд гардид, ки бояд дар самти баҳисобгирӣ ва осон намудани дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо ҷиддӣ назорат бурда шавад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh