МАҚСАД: МУОМИЛА ВА РОЗИГИИ ХУБИ ТАРАФАЙН

Муносибати харидору фурӯшанда муносибатест, ки ҳар соату ҳар дақиқа ба вуқӯъ мепайвандад ва чӣ хеле ки маълум шуд, метавонад мушкилиҳои зиёдеро ба бор орад. Бинобар ин, тамоми сокинони ҷумҳурӣ, новобаста ба он, ки онҳо намояндагони кадом касбу кор ҳастанд, бояд аз ҳуқуқҳои худ ҳамчун истеъмолгар огоҳӣ дошта бошанд ва худу наздиконашонро аз ҳодисаҳои нохуб эмин доранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи хуқуқи истеъмолкунандагон» санадест, ки муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрочиён, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор ва ё хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳангоми харидани мол ва гирифтани маълумот оид ба мол (кору хизматрасонӣ) муайян месозад.

Барои пурра амалӣ гаштани ин қонун дар вилояти Суғд Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад. Сардории Раёсатро Азамат Азимӣ ба уҳда дошта, ҷиҳати пиёда сохтани ҳар қонуну қарорҳое, ки ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон марбут аст, ҷидду ҷаҳд дорад. Азамат Азимӣ роҷеъ ба масъалаи мазкур ҳамин нуктаро қайд кард, ки мутобиқи моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» шахсоне, ки ҳамчун истеъмолкунанда баромад мекунанд, соҳиби чандин ҳуқуқҳо мебошанд, аз қабили ҳуқуқ ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи худ; ҳуқуқ ба маълумот дар бораи мол (кору хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони он; ҳуқуқ ба бехатарии мол; ҳуқуқ ба интихоби озоди мол (кору хизматрасонӣ); ҳуқуқ ба сифати муносиби мол; ҳуқуқ ба ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол (кору хизматрасонӣ) расидааст; ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ; ҳуқуқ ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии худ; ҳуқуқ ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кору хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда) аст.

Агар мол бесифат барояд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад онро ба моли дигар иваз намояд, шартномаи хариду фурӯшро бекор кунад, фурӯшанда бошад, нуқсони молро бемузд бартараф кунад. Агар моли харида ба истеъмолкунанда мувофиқат накунад, он гоҳ ӯ ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати 14 рӯз молро ба мағозаи харидааш баргардонад ва ё ба моли дигари ҳамнарх иваз намояд. Ҳолатҳое рух медиҳанд, ки фурӯшандагон барои фурӯхтани моли санаи истеъмолаш ба қарибӣ мегузашта ва ё аллакай гузашта ба тариқи арзонкунии махсус молашонро бо нархи арзон мефурӯшанд. Харидор ҳам аз арзонии мол хурсанд шуда, ба санаи истеҳсолу мӯҳлати истеъмолаш нигоҳ накарда, молро мехарад ва дар аксар маврид баъди фаҳмидан худро фиребхӯрда меҳисобад. Бо тасдиқи фикри «Сар кафад, зери тоқӣ» худро ба нодонӣ зада, моли харидаашро истеъмол мекунад ва ё истифода мебарад. Аммо вақти сар задани ягон ҳодисаи нохуш, аз қабили заҳролудшавӣ миқдори бештари пулиро ба табобат сарф мекунад. Барои ба ин ҳолат гирифтор нашудан, месазад, ки ҳар нафар пеш аз харидани мол ба сифат ва мӯҳлати истеъмолаш диққати махсус диҳад ва аз дастрас намудани ин маҳсулоти пастсифат худдорӣ намояд.

-Барои рух надодани чунин ҳолати ногувор мутахассисони раёсати мо тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд бо ҷалби мутахассисони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии истеъмолкунандагон дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯён вохӯриҳо доир намуданд. Тӯли солҳои 2012-2020 Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷалби мутахассисони сохторҳои давлатии ваколатдори соҳавӣ дар миқёси вилоят дар 50 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи давлатию ғайридавлатӣ, 12 коллеҷи тиббию омӯзгорӣ, 5 донишгоҳу донишкада семинар - машваратҳо гузаронид, ки дар он беш аз 12000 нафар донишҷӯёну устодон фаъолона ширкат варзиданд.

Ҳамчунин, дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ин гуна чорабинӣ дар соли 2021 дар Муассисаҳои давлатии «Гимназияи №1» ва «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, Литсейи №1 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Спитамен амалӣ гардид, - зикр намуд Азамат Азимӣ. Ҳамчунин, баҳри бархурдор кардани аҳолӣ аз санаи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон буклетҳо оид ба мавзӯи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дастраси сокинони вилоят гардид.

Мавсуф қайд кард, ки барои баланд бардоштани маърифати фурӯшандагону соҳибкорон бо мутахассисони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд рейдҳои муштарак гузаронида, ба онҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро фаҳмонда доданд. Чун ба таърих менигарем, аён мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ қариб бо тамоми кишварҳои ҷаҳон робитаи иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан, бо кишварҳои Аврупою Осиёи Марказӣ ба роҳ монд. Ба ин васила соҳибкорони ватанӣ аз ин давлатҳо тамоми намуди маҳсулотро оварда, бозори истеъмолиро пур карданд, то харидор қонеъ гардаду дар шароити хуб умр ба сар барад.

Аслан вақте бозору марказҳои хариду фурӯши мол ба фаъолият пардохтанд, муносибатҳои истеъмолкунандагону истеҳсолкунандагон оғоз ёфтанд ва табиист, ки баҳри танзими ин муносибатҳо ба тасвиб расонидани қарору қонунҳо ногузир мебошад. Аз ин рӯ, 15 марти соли 1962 Президенти вақти ИМА Ҷон Кеннеди дар назди Конгресс аввалин маротиба оид ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон сухан ронда, чор ҳуқуқи асосии истеъмолкунанда, аз қабили ҳуқуқ ба бехатарӣ, ҳуқуқ ба маълумот, ҳуқуқ ба интихоб ва ҳуқуқ ба шунида шуданро номбар намуда буд. Бори аввал ин сана ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 15 марти соли 1983 ҷашн гирифта шудааст. Тибқи нахустин ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 2011 ҳар сол санаи 15 март дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад.

Барои боз ҳам дар сатҳи зарурӣ риоя гаштани қонун ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят марказҳои машваратӣ, қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо ҳамарӯза фаъолият бурда, қонуншиканиҳоро рафъ месозанд. Азамат Азимӣ иброз намуд, ки аксари шаҳрвандон оид ба мавҷудияти ин сана маълумоте надоранд ва мақсад аз таҳияву амалӣ шудани як қатор чорабиниҳо бохабар кардани мардум аз ин рӯз ва беш аз ин, воқиф гардонидани онҳо аз хусуси ҳуқуқҳои эшон ҳамчун истеъмолкунандагон мебошад.

Мардум бояд ҳуқуқҳои худро ба таври бояду шояд омӯхта, аз онҳо ба таври дуруст истифода намояд. Фурӯшандагон шояд аз ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон маълумоте надошта бошанд, гузашта аз ин, онҳо ҳеҷ гумон намекунанд, ки бо ҳаракатҳои худ ҳуқуқи истеъмолкунандаро маҳдуд ва ё поймол мекунанд, вале надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Истеъмолкунандагон бояд донанд, ки ҳифзи ҳуқуқҳояшон пеш аз ҳама аз устуворӣ, маърифатнокӣ, пуртоқатӣ ва хушмуомилагии худи онҳо вобаста аст.

Хабарнигори

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh