ПАЁМ - ДАСТУРИ ҶОМЕА

Кормандони Сарраёсати молия дар вилоят чун тамоми бошандагони кишвари азизамон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мароқи калон шунида, барои хеш хулосаҳои зарурӣ бароварданд. Хабарнигори ҷамоатии рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар ин мавзӯъ бо сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд, Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Мирзозода сӯҳбати ихтисосӣ доир намуд, ки мухтасари онро ба муштариёни арҷманд манзур мекунем.

- Муҳтарам Анвар Сайфиддинӣ, Паёми имсолаи Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида, ҳар ташкилоту муассиса ва ҳар шаҳрванд нақшаи алоҳида тартиб доданд ва соли 2021 дар асоси он фаъолият мебаранд. Дар ин бобат Шумо чӣ гуфтание доред?

- Мардуми шарафманди вилоят таҳти таассуроти амиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 баён гардид, қарор дорад. Қабл аз ҳама бояд зикр намуд, ки Паём ҳуҷҷати барномавии сиёсиест, ки баробари арзёбии вазъи ҷомеа ва давлат нигоҳи Сарвари давлатро доир ба роҳҳои рушди натанҳо имрӯза, балки стратегии кишвар ва ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳуқуқӣ таклифҳои мушаххасро, ки ба фаъолияти қонунгузорӣ рабт доранд, ифода менамояд. Дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо таҳлили дақиқ, натиҷагирии асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, аз ҷумла роҳҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва вазифаҳои навбатиро муайян намуданд, ки ҳадафи он татбиқи манфиатҳои миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аст.

- Баъди ироаи Паёми хеш Пешвои миллат ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Таассуроти кормандони мақомоти молияи вилоят аз ин ташриф, албатта, хурсандибахш аст....

- Боиси ифтихори мардуми вилоят аст, ки пас аз ироаи Паёми навбатӣ Сардори давлат аз 2-юм то 5-уми феврали соли равон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави технологии коркарди маҳсулот дар ҶДММ «Хуҷанд – Агро», корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди он, истеҳсоли равғани зард ва гӯшти паранда, бунёди боғи интенсивӣ, гармхонаҳои замонавӣ ва ғайраро ифтитоҳ бахшиданд. Итминони комил дорам, ки ба кор даромадани корхонаву иншоотҳои мазкур барои амалӣ гардидани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ба ин васила, таъмини сокинони вилоят бо ҷойҳои иловагии корӣ мусоидат менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии таҷлили иди Сада, ки дар Муассисаи давлатии “Қасри маданияти Арбоб” доир гардид, ширкат доштанд. Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути ташаббусҳои шоистаи Ҷаноби Олӣ расму оинҳои бостонии ниёгон, ки дар байни онҳо ҷой ва мақоми ҷашнҳои миллию мардумии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада хоса мебошанд, аз нав эҳё ва аз ҷониби мардум ба хубӣ пазируфта шуданд. Пешвои муаззами миллат дар Паёми созандаашон таъкид намуданд, ки «Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст, зеро ҳар кадоме аз ин ҷашнҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд».

- Соли 2020, барои мардуми Тоҷикистон, чун сокинони тамоми Сайёра душвор буд. Ин нуктаро Пешвои миллат дар Паёмашон ҳам таъкид карданд. - Паёми имсолаи Сардори давлат ба Маҷлиси Олии кишвар дар шароити ноустувори иқтисодию иҷтимоии ҷаҳон, ки бар асари хурӯҷи бемории ҳамагири пандемияи COVID-19 ба миён омадааст, ироа гардид. Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ба дараҷае паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, кишварҳои олам ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омаданд. Чуноне Роҳбари давлат дар Паёмашон таъкид доштанд, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Дар Паём, инчунин Ҷаноби Олӣ дар робита ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо таъкид намуданд, ки фаъолиятро дар самти муқовимат ба таҳдиду бӯҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшем. Дар ин самт дастур дода шуд, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардондани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои нақшавӣ, хусусан доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи камаш 7,0 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад.

Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон имкон фароҳам омад, ки сиёсати давлат дар самти таъмини рушди бонизоми бахши воқеии иқтисодиёт комилан тағйир ёфта, суботи макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шавад.

- Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии соли 2020-уми вилоят, Шуморо ҳамчун иқтисодчии соҳибтаҷриба қаноат мекунонанд?

- Дар соли 2020 барзиёд таъмин шудани аксар нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии вилояти Суғд аз татбиқи босамари сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат дар вилоят дарак медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷамъбасти соли 2020-ум ҳаҷми нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақа дар вилоят ба 21 миллиард 621,8 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 104,5 фоиз ва саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 26,2 фоизро ташкил дод. Рушди нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,4 фоиз, кишоварзӣ 10,5 фоиз ва ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ 34,2 фоиз таъмин гардид.

Сарфи назар аз афзоиши нишондиҳандаҳои зикршуда, суръати рушд дар баъзе соҳаҳои иқтисодиёти вилоят нисбат ба соли қаблӣ коҳиш ёфт. Аз ҷумла, дар ин давра гардиши савдои чакана ҳамагӣ 95,3 фоиз, ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 87,5 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 81,6 фоиз (аз ҷумла содирот-75,1 фоиз ва воридот - 83,6 фоиз) ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ҳамагӣ 74,3 фоизи соли 2019-умро ташкил дод. Пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои алоҳида, тадбирҳои зарурии пешгирӣ ва паҳншавии пандемияи сирояти COVID-19 ба сифатнокии иҷрои нақшаи даромади буҷет дар соли 2020- ум таъсири манфӣ расонданд.

Дар марҳалаи ҳисоботӣ коҳишёбии пардохтпазирии аҳолӣ ва вазъи молиявии андозсупорандагон, кам шудани маблағҳои ба буҷет пардохтшуда ва воридоти маблағ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ, паст рафтани қурби асъори миллӣ, фаъолият накардани як зумра корхонаҳои бо сармояи мустақими хориҷӣ таъсисёфта ва корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ, инчунин камшавии даромади бахши хизматрасонӣ, таъмини нишондиҳандаҳои тасдиқшудаи даромади буҷети давлатиро дар аксари шаҳру ноҳияҳо ғайриимкон гардонд. Илова бар ин, коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ аз ҳисоби корхонаҳои калони саноатӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ, сохтмон ва махсусан саноати истихроҷ, аз ҷониби як қатор корхонаҳо пурра ва сари вақт ба буҷет напардохтани маблағи андозҳои ҳисобшуда, вазъи иҷрои нақшаи даромади буҷети вилоятро боз ҳам мураккабтар гардонданд. Инчунин, бо мақсади пешгирии таъсири паёмадҳои бемории нави сироятӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар кишвар, бо иқдоми Пешвои муаззами миллат соҳаҳои алоҳидаи фаъолият аз ҳисоб ва пардохти андозҳо дар давраи муайян озод карда, барои гурӯҳи дигари андозсупорандагон меъёри андоз кам ва таътили андозӣ пешниҳод гардид.

- Натиҷаҳои назаррасро ҳамон вақт соҳиб шудан мумкин аст, ки агар саноат мунтазам кор кунад, кишоварзон ҳосили дилхоҳ рӯёнанд, нишондиҳандаҳои дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҳам қаноатбахш бошанд. Дар ин маврид таъмини иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ ҳам муътадил ҷараён мегирад.

- Назар ба маълумоти оморӣ дар соли 2020-ум корхонаҳои саноатии вилоят, якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 15,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли сипарӣ, бо назардошти индекси нархҳо, ба 117,4 фоиз баробар аст. Ҳамзамон дар ин давра аз 650 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда 314 корхона ё 48,3 фоизи теъдоди умумӣ сатҳи истеҳсолро нисбати соли гузашта паст карданд ва ё умуман фаъолият набурданд. Бо назардошти ин, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он нақшаи даромади умумии буҷети вилояти Суғд бознигарӣ карда, нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллии вилоят кам карда шуд. Дар ҷамъбасти соли 2020-ум нақшаи аниқшудаи даромади буҷети вилоят аз рӯи контингенти андозҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ 2452,2 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 63,9 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2019-ум 31,8 миллион сомонӣ (1,3 фоиз) зиёд мебошад.

Дар марҳалаи ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокунӣ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатӣ ба маблағи умумии 610,9 миллион сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи аниқшуда 12,1 фоиз ё 65,9 миллион сомонӣ ва нисбати соли қаблӣ 23,2 фоиз ё 115,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллии вилоят дар ин давра ба андозаи 100,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1837,9 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 1839,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда 1,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳарчанд бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ давоми соли сипарӣ аз ҷониби нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят силсилаи тадбирҳо андешида, маблағи бақияи қарзи андозҳо нисбати аввали соли 2020 ба андозаи 9,1 миллион сомонӣ кам карда шуд, дар ин давра маблағи бақияпулиҳо дар корхонаҳои тобеи Нозироти андозсупорандагони калони вилояти Суғд ба маблағи 35,6 миллион сомонӣ афзуда, дар ҳолати 1 январи соли 2021 ҳаҷми умумии бақияи қарзи андоз дар вилоят ба 131,8 миллион сомонӣ баробар гардид. Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ба маблағи 33,7 миллион сомонӣ (25,6 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), андоз аз фоида 29,8 миллион сомонӣ (22,6 фоиз), андоз аз арзиши иловашуда 17,0 миллион сомонӣ (12,9 фоиз), дигар пардохтҳои ҳатмии ҷумҳуриявӣ 11,7 миллион сомонӣ (8,9 фоиз), низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона) 9,8 миллион сомонӣ (7,4 фоиз) ва ғайра ташкил медиҳанд. Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба Нозироти андозсупорандагони калони вилояти Суғд 50,2 миллион сомонӣ (38,1 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо) ва ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 10,4 миллион сомонӣ (12,7 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), Исфара 9,6 миллион сомонӣ (11,8 фоиз), Истаравшан 9,3 миллион сомонӣ (11,4 фоиз), Зафаробод 9,1 миллион сомонӣ (11,2 фоиз), Мастчоҳ 8,8 миллион сомонӣ (10,8 фоиз), Бобоҷон Ғафуров 7,7 миллион сомонӣ (9,4 фоиз), Панҷакент 7,1 миллион сомонӣ (8,7 фоиз) ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост меояд.

Дар соли ҳисоботӣ дар вилоят иҷрои нақшаи воридоти буҷети маҳаллии вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаи нақшавии даромади буҷет, ба истиснои андоз аз фоида (84,8 фоиз) пурраю барзиёд таъмин гардид. Соли сипарӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ, дар маҷмӯъ, 164,1 миллион сомонӣ ворид ва 153,7 миллион сомонӣ хароҷот гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарӣ ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҳамагӣ 9,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилояти Суғд аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ барои пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масъунияти одам мебошанд, 346,4 ҳазор сомонӣ, барои пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд, 1219,9 ҳазор сомонӣ ва пардохти сафархарҷӣ 10,5 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 9079,1 ҳазор сомонӣ ворид гардида, мувофиқи мақсад ба харҷ дода шуд.

Мувофиқи ҳисоби пешакӣ иҷрои нақшаи аниқшудаи қисми хароҷоти буҷети вилояти Суғд дар соли 2020-ум ба андозаи 98,2 фоиз таъмин ва ба иҷтимоиёту иқтисодиёти вилоят 1875,9 миллион сомонӣ равона гардид, ки нисбати нақша 35,0 миллион сомонӣ ва нисбат ба хароҷоти амалии соли қаблӣ 13,4 миллион сомонӣ ё 0,7 фоиз кам мебошад. Дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ низ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида, дар маҷмӯъ ба соҳаҳои зикршуда дар соли 2020-ум 1508,8 миллион сомонӣ равона гардид, ки баробари 80,4 фоизи ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллии вилоят мебошад. Дар соли ҳисоботӣ маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи 1,7 фоиз ва ба маблағи 25,3 миллион сомонӣ афзуд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба соҳаи маориф 880,8 миллион сомонӣ равона гардид, ки 99,4 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 5,2 миллион сомонӣ кам мебошад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф нисбат ба соли қаблӣ 13,4 миллион сомонӣ ё 1,6 фоиз зиёд гардида, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ба 47,0 фоиз баробар гардид.

Барои маблағгузории соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар соли 2020-ум 491,5 миллион сомонӣ равона гардид, ки 99,3 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 3,3 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба соли 2019-ум 40,0 миллион сомонӣ ё 8,9 фоиз зиёд мебошад. Дар соли ҳисоботӣ ҳиссаи хароҷоти соҳаи ҳифзи сиҳатии оммаи вилоят дар хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ ба 26,2 фоиз баробар шуд. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ барои маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 21,7 миллион сомонӣ ба харҷ дода шуд, ки ин ба 99,0 фоизи нақша баробар мебошад.

– Яке аз ӯҳдадориҳои давлат, сари вақт таъмин намудани кормандони корхонаву муассисаҳои буҷетӣ бо маош ва роҳ надодан ба қарздорӣ дар ин бобат аст. Дар ин хусус мақомоти молияи вилоят кадом тадбирҳоро андешид?

- Бо мақсади таъмини саривақтии маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва пешгирии пайдоиши қарздориҳо тадбирҳои мушаххас андешида, дар ҳолати 1 январи соли 2021-ум музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра маблағгузорӣ гардида, аз ҳисоби пардохтҳои зикршуда қарздорӣ ё қафомонӣ вуҷуд надорад.

Дар соли 2020 аз буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳое, ки даромадашон хароҷоти ҷории буҷети маҳаллиро намепӯшонад, ба маблағи умумии 237,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт 51,3 миллион сомонӣ, Деваштич 59,6 миллион сомонӣ, Зафаробод 12,8 миллион сомонӣ, Истиқлол 1,5 миллион сомонӣ, Исфара 30,7 миллион сомонӣ, Конибодом 24,5 миллион сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 19,7 миллион сомонӣ, Спитамен 9,5 миллион сомонӣ, Ҷаббор Расулов 8,5 миллион сомонӣ ва Шаҳристон 19,0 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо гардид, ки 99,3 фоизи нақшаи тасдиқшуда ва 16,3 фоизи хароҷоти ҳақиқии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят барои тадбирҳои гуногуни соҳаҳои буҷетӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ 6,7 миллион сомонӣ ва қарзи байнибуҷетӣ барои пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 27,6 миллион сомонӣ равона гардид.

- Масрафи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ ҳамеша зери назорати мақомоти молия қарор дорад. Ин нукта дар Паёми Пешвои миллат ҳам таъкид карда шуд.

- Давоми соли 2020-ум кормандони шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати молия дар вилояти Суғд дар 454 ташкилоту муассиса санҷишу таҳлилҳои мақсаднок истифодабарии маблағҳо гузаронида, ба маблағи умумии 7173,3 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карданд. Аз маблағи зарари молиявии ошкоршуда 3033,0 ҳазор сомонӣ (42,3 фоиз), аз ҷумла ба буҷет 2495,3 ҳазор сомонӣ ва ба фоидаи корхонаҳо 537,8 ҳазор сомонӣ барқарор гардид. Ғайр аз ин, дар рафти санҷишҳои аудиторӣ камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 3021,8 ҳазор сомонӣ, ошкор гардида, аз ин ҳисоб 2984,7 ҳазор сомонӣ (98,8 фоиз), аз ҷумла ба буҷет 268,1 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Ҳамзамон, давоми соли ҳисоботӣ 93 маводи аудиторӣ, ба маблағи умумии 4710,5 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

- Омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар дар вилоят вусъат мегирад...

- Дар вилоят, чун саросари кишвар, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тозаро касб кардааст. Дар қаламрави вилоят ҳамарӯза иқдомҳои нави бошандагон, бахусус соҳибкорону шахсони саховатпеша рӯи кор меоянд. Ба ин муносибат мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, бунёд ва азнавбарқароркунии қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фарҳангӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ ва коркарди шир, толору майдончаҳои варзишӣ дар ҳар як деҳа, маҳалла ва назди биноҳои баландошёна амалӣ шуда истодаанд. Дар соли 2020 бунёд ва таъмиру таҷдиди 1926 иншоот ба нақша гирифта, амалан 1972 иншоот ба истифода дода шуд, ки 102,4 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра 5990 иншооти гуногун ба истифода дода шудааст. Дастгирии соҳибкорӣ ва рушди ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ ҷузъи таркибии сиёсати иҷтимоию иқтисодии вилоят мебошад.

Ҳамкориҳои мазкур ба мустаҳкам гардидани заминаи меъёриву ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, зиёдшавии ҳиссаи соҳибкорӣ дар ташаккули маҳсулоти минтақавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани нақши соҳибкорӣ дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят мусоидат карда истодааст. Мо бояд аз он ифтихор дошта бошем, ки соҳиби фарҳанги ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ ҳастем. Чунонки Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, дар соли сипарӣ шуда аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътироф ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардидани 5500-солагии Саразм далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Ба ин муносибат дар шаҳри Панҷакент якчанд иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифт. Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки имрӯз вазифаи асосии ҳар яки мо содиқона хизмат кардан ба мардум, обод намудани Тоҷикистони азизамон аст.

Кормандони Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми имсолаашон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, саъю кӯшиш намуда, барои амалӣ гардондани барномаҳои давлатӣ, бо маблағ таъмин намудани соҳаҳои буҷетӣ, аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ҳарчи бештар бунёд кардани иншоотҳои ҳаётан муҳим ва ҳалли дигар масъалаҳои зиндагии шоистаи мардум фаъолият мебарад. Бо як сухан Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури фаъолият барои ҷомеаи Тоҷикистони навин буда, кормандони мақомоти молия дар вилоят ва сохторҳои маҳаллии он дар амалӣ гардонидани онҳо ҳама корҳои аз дасташон меомадагиро ба иҷро мерасонанд.

Суҳбаторо
 Карим ШАРИФ

Add comment


Security code
Refresh