Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рўзи кормандони мақомоти прокуратура

13 марти соли 2021 бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти прокуратура бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.

Раиси вилоят зимни суханронии худ кормандони прокуратураи вилоятро ба муносибати  иди касбиашон табрику муборакбод гуфта, ба кулли кормандони мақомот ва собиқадорони соҳа саломатӣ, рўзгори обод ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору бурдбориҳо орзу кард. Таъкид гардид, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.

Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорати риояи иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ  будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд, маҳсуб меёбад.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонммуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳо ба кормандони мақомоти прокуратура барои пеш бурдани фаъолияташон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таи солҳои охир дар қаламрави вилоят бинои мақомоти прокуратура дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бинои прокуратураи шаҳрҳои Панҷакенту Хуҷанд ва аксари ноҳияҳо, инчунин прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд аз таъмир бароварда шуд.

-Кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Суғд дар фаъолияти худ дар самти назорати волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, беҳтару хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, мустаҳкам намудани қонуният, баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзандаи худро  гузошта истодаанд, - изҳор дошт Раиси вилоят ва афзуд, ки мақомоти прокуратура новобаста аз душвориҳои шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро мекарданд.

Меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот  дар ин ҷода аз ҷониби ҷомеа ба хубӣ эҳсос гардида, борҳо аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

Сипас, ба як қатор кормандони пешқадами мақомот сипосномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh