Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рузи кормандони мақомоти прокуратура

Кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Суғдро бо Рӯзи мақомоти прокуратура, ки ҳар сол 14 март таҷлил мегардад, табрик намуда, дар иҷрои вазифаи масъулиятноку шарафманд, яъне ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ комёбиҳо орзумандам.

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Кормандони мақомоти прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии ин сохтор ба душвориҳои шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси  масъулият, маҳорати баланди касбӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро мекарданд.

Прокуратураи вилоят ҷузъи ҷудонашавандаи мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ буда, дар фаъолияти худ назорати волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, бахусус мустаҳкам намудани қонуният, баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзанда мегузорад. Кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм ва экстремизми сиёсию динӣ гузошта шударо сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки “Вазифаи аз ҳама муҳим –  таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун, пешгири намудани амалҳои номатлуб ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин назорати риоияи дақиқи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор гардидааст”.

Боварӣ дорам, ки кормандони прокуратура минбаъд ҳам ба фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан ба наслҳои ҷавон сабақи меҳанпарастию инсонпарварӣ медиҳанд ва дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин рӯзи фархунда бори дигар тамоми кормандон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати  фарорасии Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура табрику таҳният гуфта, рӯзгори хушу хуррам, хонаободӣ, офияти рӯзгор, тансиҳатӣ ва дар фаъолияти хизматӣ муваффақиятҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Add comment


Security code
Refresh