Дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳ оғоз бахшида шуд

19 марти соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими оғози корҳои мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон ширкат варзид.

Раиси вилоят зимни суҳбат фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро ба сокинони шаҳри Бӯстон табрик гуфта, иброз дошт, ки миллати куҳанбунёди тоҷик Наврӯзро бо риояи анъанаву суннатҳо ҳамасола дар руҳияи баланд таҷлил намуда, онро чун ойини башардӯстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё муаррифӣ намудаанд. Гуфта шуд, ки бо фаро расидани баҳор корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, баҳри сарсабзу хуррам гардонидани шаҳру деҳот тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон илова намуд, ки чун дигар шаҳру навоҳӣ дар Бӯстон низ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифта истодааст ва бо таъсиси иншооти нав ҷойҳои корӣ афзуда, дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва қисман кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh