Оғози мумфаршкунии кӯчаҳо дар Бӯстон

 

 

 

Шаҳри Бӯстон бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хубу хотирмон пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабои нав ба бар менамояд. Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як сокини шаҳр аст, ки дарвозаи вилояти Суғд дар баробари бунёду азнавсозии иншооти гуногун баҳри мардум имконот ва шароити арзанда муҳайё шуда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки санаи 19 - уми марти соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими оғози корҳои мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон ширкат варзид.

Гуфтан ба маврид аст, ки чун дигар шаҳру навоҳӣ дар Бӯстон низ ба истиқболи ҷашни фархунда силсилаи иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифта истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва қисман кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш карда мешавад.

Комил Ҷумъазода - сардори раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр гуфт, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои фархунда дар шаҳр корҳои ободониву созандагӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз роҳи даромадгоҳи шаҳр аз нав таҷдиду навсозӣ ва васеъ карда шуд, ки аз он сокинону меҳмонон хеле хушҳоланд. Ин иқдоми мазкур бо назардошти афзоиши аҳоливу нақлиёт амалӣ гардид, ки аз он ҳам симои шаҳр дигаргун ва ҳам ҳаракати озоди нақлиёт таъмин гардид. Дар чаҳорчӯби корҳои навсозӣ чароғонкунии кӯча ва таъмири роҳҳои пиёдагард ва рангубори биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ низ ба роҳ монда шуд, - гуфт номбурда.

Фарзон Шокиров – сокини шаҳри Бӯстон дар суҳбат гуфт, ки дар арафаи ҳар як ҷашн ободонии кӯчаву маҳаллаҳо яке аз иқдомҳои хуб арзёбӣ мегардад. Дар ин замина бунёду ободонии роҳҳо, пеш аз ҳама, иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, сипас меҳнати пурмашаққати роҳсозон аст. Таъмиру таҷдид ва мумфаршкунии роҳи ин минтақа туҳфаи хеле муносиб ба пешвози ҷашни пуршукӯҳи кишвар барои сокинони ин маҳалла аст, - гуфт номбурда.

Сокинони сарбаланди шаҳри Бӯстон сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намуда, дар пайи ободии диёри хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh