Ашт: МОҲИПАРВАРӢ ВА РУШДИ ОН

Азхудкунии заминҳои бекорхобида, ки он раванди ободкориву созандагиро дар худ таҷассум мекунад, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад ва дар ин замина баҳри беҳтар гардидани зисту зиндагии сокинон мусоидат намояд.

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» дар ноҳияи Ашт эътибори хоса зоҳир мегардад. Барои огоҳӣ ёфтан аз вазъи корҳои саҳроӣ ба ноҳия омадем. Имрӯз дар аксари хоҷагии деҳқонии ноҳия заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, дар он кишти зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мондаанд.

Кишоварзон дарк намуданд, ки муносибати хуб ба замин асоси ҳосили фаровон, некӯаҳволии тамоми мардум буда, пайваста баҳри зиёд намудани масоҳати заминҳои корами обӣ ҷидду ҷаҳд доранд.

Яке аз хоҷагиҳои пахтакоре, ки дар шодоб намудани заминҳои бекорхобидаю аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои судбахш анҷом додааст, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» мебошад, ки фаъолияташро аз соли 2009 инҷониб хуб ба роҳ мондааст.

Хоҷагии мазкур соли гузашта 13 гектар заминро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, имсол нақша доранд ин рақамро то ба 40 гектар расонад. Дар ин самт аз ҷониби аҳли заҳмати хоҷагӣ корҳои барқарор намудани замин ҷараён дорад.

Тибқи иттилои корманди хоҷагӣ Даврон Охунҷонов ҷамъияти мазкур дорои 586 гектар замин буда, дар он кишти зироатҳои кишоварзӣ аз қабили гандум, беда, ҷуворимакка гузаронида мешавад. Масалан, имсол кишоварзони хоҷагӣ дар майдони 152 гектар гандум, 40 гектар сабзавот, 40 гектра беда, 1 гектар картошка, 4 гектар полезӣ ва 11 гектар зироати хӯроки чорво кишт намуда, нақша доранд дар майдони 376 гектар кишти пунбадонаро гузаронанд.

Ҳамчунин, дар хоҷагии мазкур аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва чарогоҳ дар майдони беш аз 65 гектар боғу токзори нав бунёд шуда, дар оянда барои зиёд намудани майдони боғ аз ҳамаи имконияти мавҷуда самаранок истифода мебаранд.

Хоҷагӣ дорои техникаи гуногуни замонавӣ аз қабили тракторҳои МТЗ - 18 адад, К - 700 - 4, Волво 3, инчунин 2 - комбайни ғалладаравкунӣ, мошини пахтачинӣ мебошад, ки он дар майдонҳои хоҷагӣ вобаста ба мавсими кишту кор фаъолият мебаранд.

Лозим ба қайд аст, ки дар хоҷагӣ давоми чанд соли охир ба парвариши моҳӣ диққати махсус дода шудааст. Моҳипарварӣ як ҷузъи соҳаи хоҷагии халқ буда, баҳри таъмини бозорҳои дохилӣ ва захира намудани он дар кӯлу обанборҳо ва ҳавзҳои сунъӣ парвариш карда мешаванд. Баҳри рушди ин соҳа дар кишвар «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» тасдиқ гардидааст, ки дар асоси он дар вилояти Суғд хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил ва фаъолияти пурсамар доранд. Дар ин замина баҳри иҷрои бандҳои барномаи давлатӣ, дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил шудааст, ки он барои пешрафти соҳаи мазкур мусоидат хоҳад кард. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» имрӯз дар самти парвариши моҳӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Аҳли хоҷагӣ ният доранд, парвариши моҳиро дар ҳавзҳо ва обанборҳои хоҷагӣ ба роҳ монда, сокинони вилоят ва ҷумҳуриро бо гӯшти моҳӣ таъмин намоянд. Қобили қайд аст, ки дар хоҷагии мазкур соли 2018 дар масоҳати се гектар ҳавзи хурд ташкил шуда бошад, он дар соли 2019 ба 45 гектар ва соли 2020 ба 70 гектар расонида шуд. Аҳли заҳмат ният доранд, ки имсол дар масоҳати 90 гектар ҳавзи моҳипарварӣ ташкил намуда, барои дар бозори истеъмолӣ зиёд кардани чунин намуди маҳсулот заминаи воқеӣ гузоранд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани хоҷагии моҳипарварӣ сарвари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» Шӯҳрат Мамадҷонов ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда, аз таҷрибаю махсусиятҳои ин соҳа огоҳ гардид. Ҳамчунин, намояндагони давлати ҳамсоя, мутахассисони соҳа ба хоҷагии моҳипарварӣ омада, дар бораи иқлим, роҳҳои парвариши моҳӣ дар ин ҷо ба ҳамкасбони тоҷики худ маслиҳатҳои муфид доданд.

Зимни боздид аз хоҷагии мазкур шоҳиди он гардидем, ки кормандон бо техникаҳои гуногун ҳавзҳоро барои парвариши моҳӣ омода намуда истодаанд. Хоҷагӣ дорои 23 ҳавзи моҳипарварӣ буда, алҳол қисми зиёди онро барои аз нав парвариш кардан, тавассути техникаҳо аз лойқа тоза намуда, омода месозанд. Айни ҳол дар ҳавзҳо 50 ҳазор моҳӣ нигоҳ дошта мешавад, ки он барои фурӯш нигаронида шудааст. 

Доир ба тарзи парваришу нигоҳубини моҳӣ ва хусусияти он П.Шералиев иброз дошт, ки се намуди моҳӣ, аз ҷумла сазан, пешонағасф ва амури сафедро метавон дар як ҳавз ҷой дод. Ин намуд моҳиҳо барои инкишофи ҳамдигар халал намерасонанд ва озуқаи якдигарро намехӯранд. Дар марҳалаи аввали инкишофи моҳӣ орди навъаш пасттар, баъдан гандуми резакардашуда ва вақте онҳо калонтар мешаванд, гандумро дар муддати се рӯз дар об тар карда, сипас дода мешавад. Дар марҳалаи аввал вазни моҳиҳо 70 грамм буд ва моҳҳои ноябр бояд вазни он аз 1 400 граммро ташкил диҳад.

Ба иттилои масъулин соли гузашта беш аз 210 ҳазор моҳи партоф шуда, 120 тонна моҳӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба фурӯш бароварда шудааст.

- Аз сабаби он, ки парвариши моҳӣ барои мо соҳаи нав аст, танҳо барои таъмини бозори дохилӣ парвариш карда истодаем. Солҳои минбаъда мо ният дорем, ки ташхисгоҳи биологӣ, сардхона ва коркарди гӯшти моҳиро ташкил карда, содироти моҳичаҳо ва консерваҳоро ба дигар кишварҳо ба роҳ монем, - изҳор дошт П. Шералиев.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Истамҷони НАҶМИДДИН,

 «Ҳақиқати Суғд»

Хуҷанд – Ашт - Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh