ИҚДОМОТИ НАКӮ ВА ЗАҲМАТИ СОДИҚОНА - ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Парандапарварӣ ва рушди он дар вилояти Суғд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ барои рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дастур доданд, воридоти технологияву таҷҳизот ва маводи хӯроки паранда аз боҷи гумрукӣ озод карда шавад.

Дар ин робита бо дастгирӣ ва дастуру супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода соҳаи парандапарварӣ вусъати тоза гирифтааст. Ҳоло дар вилоят 122 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд аст. Аз ин наздик 30 корхонаи парандапарварии самташон гӯштӣ мебошад. Баробари ин дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мастчоҳ ду корхонаи парандапарварӣ - ҶСК «Симурғи Истаравшан» ва «Суғдиён Свердловск» фаъолият мебаранд, ки самти фаъолияти онҳо барои инкубатсияи чӯҷа равона гардидааст.

Боиси қайд аст, ки корхонаҳои мазкур бо коргоҳҳои парандапарварии Федератсияи Россия ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Дар шаҳри Хуҷанд як корхонаи инкубатсионӣ барои истеҳсоли чӯҷаи гӯштӣ амал мекунад, ки корхонаҳои парандапарварии вилоят ва ҷумҳуриро бо чӯҷаҳои хушсифат таъмин карда истодааст, - гуфт сардори шуъбаи чорводории Сарраёсати кишварзии вилоят Маъруфҷон Шарифиён.

Тавре иттилоъ дода шуд, алҳол ба вилоят аз хориҷ, алалхусус ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия чӯҷа барои гӯшт ва тухм ворид мешавад.

- Боиси таъкид аст, ки 60 – 70 фисади чӯҷаҳо истеҳсоли ватанӣ мебошанд. Дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мастчоҳ истеҳсоли чӯҷа барои тухм ва дар шаҳри Хуҷанду Исфара истеҳсоли гӯшти чӯҷа фаъолият бурда истодаанд, - гуфт мусоҳиби мо.

Бино ба иттилои масъулин, дар давраи хурӯҷи пандемия корхонаҳои парандапарварӣ мунтазам фаъолият карда, саршумори мурғ, истеҳсоли гӯшт ва тухм зиёд шудааст. Ҳоло нисбат ба солҳои пешин дар қаламрави вилоят 3 – 4 маротиба гӯшти парранда ва истеҳсоли тухм зиёд гардидааст. Дар соли 2020 аксар мурғҳои коргоҳҳои парандапарварӣ пир шуданду маҳсулнокиашон паст гардид, бинобар он аксари гӯшти онҳоро ба фурӯш бароварданд. Айни ҳол чӯҷаҳо ворид гардида, баъди ду - се моҳ ба истеҳсоли тухм оғоз мекунанд ва шароити корхонаҳо беҳтар гашта, дубора ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Бозори марказии «Панҷшанбе» инъикосгари накӯҳолист. Дар бозор навъҳои гуногуни тухм аз корхонаҳои мухталиф ба фурӯш гузошта шуда буд. Ҳар коргоҳ вобаста ба худ нархгузорӣ кардааст. Дар умум нархи як дона тухм аз як то 1,20 сомонӣ аст. Аксар гӯштҳои мурғ истеҳсоли ватанӣ буда, 27 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Фурӯшандагон гӯшти мурғро низ вобаста ба навъ ҷудо кардаанду нархаш низ гуногун аст. Масалан, нархи гӯшти лахми мурғ 33 - 35 сомонӣ аст. Баробари ин аксар сокинон тухмро аз бозори «Гулистон» - и шаҳри Хуҷанд дастрас мекунанд. Дарвоқеъ, нархи тухми бозори «Гулистон» аз 95 дирам шурӯъ мешавад ва харидоронаш ҳам зиёданд. Сабаби дар бозори мазкур арзон будани нархи тухмро фурӯшандагон чунин маънидод карданд, ки онҳо на ҳамчун фурӯшандаи мустақил, балки ҳамчун коргаре, ки моҳе як маротиба музди маош мегиранд, фаъолият мебаранд. Оид ба масъалаи мазкур роҳбари ҶДММ «Чӯҷаи заррин» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далерҷон Кенҷаев гуфт, ки дар нимсолаи дуюми соли 2020 якбора нархи хӯроки паранда боло рафт.

Сабаби асосии болоравии нарх дар бозори ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, ба бемории коронавирус вобастагӣ дорад, зеро аксар корхонаҳо бо сабаби карантин ба таҳлука фаромада, хӯрокаро аз меъёр зиёд харидорӣ карданд. Вақте талабот зиёд гардид, корхонаҳое, ки бо истеҳсоли хӯроки паранда машғуланд, арзиши хӯрокаро боло бурданд. Аз ҳамин сабаб нархи тухм каме боло рафт.

- Нархи гандум 20 – 25 фисад, ҷуворимакка 30 фисад, равған 70 – 80 фисад гарон шудааст. Хӯрока барои паранда асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия ворид мешавад. Мо барои фурӯшандагон моҳе қабл як дона тухмро як сомонӣ, ҳоло бошад, 92 – 94 дирам дастрас мекунем, - гуфт Далерҷон Кенҷаев.

Боиси қайд аст, ки коргоҳи мазкур аз соли 2013 инҷониб фаъолият карда истодааст ва ҳар ҳафта маҳсулоти худро барои фурӯш ба ярмарка бароварда, бо нархи арзон ба сокинон пешкаш мекунанд.

- Алҳол корхонаҳои парандапарварии истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм зиёд шуда истодааст. Дар ноҳияи Шаҳристон корхонаи калон ба иқтидори 200 ҳазор паранда ба кор оғоз мекунад ва ба нақша гирифта шудааст, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов низ ташкил мешавад. Иқдоми мазкур дар дигар шаҳру навоҳии вилоят ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 корхонаи парандапарварӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард, - гуфт Маъруфҷон Шарифиён.

Алҳол корхонаҳои парандапарварии вилоят, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказро бо гӯшти мурғ ва тухм таъмин карда истодаанд.

Боиси қайд аст, ки барои соҳибкороне, ки дар соҳаи парандапарварӣ фаъолият мебаранд, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ аз тамоми андозҳо озод шудаанд. Аз ин лиҳоз, масъулин ва роҳбарони коргоҳҳои парандапарварӣ мекӯшанд, барои пеш бурдани соҳа ва боз ҳам беҳтар намудани самти кор дар таъмини амнияти озуқаворӣ ба маҳсулоти босифат ва нархҳои нисбатан арзон саҳмгузор бошанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh