Хуҷанд: Дар хиёбони Раҳим Ҷалил 140 бех дарахти Магнолия шинонида шуд

Дирӯз дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, соҳибкорони номвари шаҳр ва сокинони маҳаллаи Сирдарё ба маъракаи бузурги ободонӣ ҳусни оғоз бахшида шуда, дар шоҳроҳи хиёбони мазкур беш аз 140 бех ниҳолҳои 6 метраи нодири навъи Магнолия шинонида шуданд.

Таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик хиёбони Раҳим Ҷалили маркази вилоят бо назардошти талаботи замони муосир ба яке аз гулгаштҳои намунавӣ дар шаҳр мубаддал гардида, марҳила ба марҳила ҳусни тамоми хиёбонҳои шаҳр бо чунин усул шукуҳ бахшида мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз соҳибкорони номдори шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ободонӣ ва хуррамии кўчаву хиёбонҳои шаҳр саҳмгузорӣ намуда, дар якҷоягӣ заҳмат намуда, Ватанамонро обод созем.

Бино ба таъкиди мутахасисони соҳа Магнолия ба растаниҳои гулдори қадим тааллуқ дошта, аз рӯи зебоии баргҳо ва гулҳояш нотакрор буда, бўйи хос дошта, аз он атрҳои қиматбаҳо тайёр менамоянд. Магнолия ба гуруҳи дарахтони баланди ороишӣ мансуб буда, дар хориҷи дуру наздик асосан дар гулгаштҳо онро мешинонанд.

Магнолия як дарахтест, ки бо гулҳои бениҳоят зебо боғҳои истироҳатии оламро зебу оро медиҳад ва  онро дурахшону ҷило мебахшад. Ин дарахт аз худ бӯйи муаттари лимӯ содир менамояд. Он зиёда аз 70 намуд дошта, бо тоҷи васеъи пирамида метавонад аз 8  то 20 метр қад кашад. Вобаста аз гуногунӣ, гулҳои ин дарахт  метавонанд сафед, гулобӣ, арғувон, сурх ва бошанд. Дар фасли зимистон тобовар мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh