Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори маркази тиббии “AKFA Medline”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Камола Мирзалиева

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори маркази тиббии “AKFA Medline”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Камола Мирзалиеваро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи нигаҳдории тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилоят дар оғози суҳбат таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳким ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи тиб низ равобити дуҷониба мавҷуд буда, табибони тоҷику ӯзбек аз таҷрибаи ҳамдигар истифода мекунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир теъдоди муассисаҳои тибби хусусӣ низ зиёд гардида, марказҳои ташхисиву табобатӣ барои таъмини солимии ҷомеа хизматрасонии худро ба роҳ мондаанд.

Директори маркази тибии “AKFA Medline” Камола Мирзалиева аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, доир ба фаъолияти ширкат маълумот дод. Қайд карда шуд, ки “AKFA Medline” яке аз марказҳои маъруф дар Ӯзбекистон буда, ба мизоҷони худ, ки аз саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, дар сатҳи баланд хизмат мерасонад.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти марказ тасмим дорад бо вилояти Суғд ҳамкориҳоро тақвият бахшида, хизматрасониҳои тиббиро ба монад.

Дар поёни мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷонибҳо минбаъд аз иқтидорҳои мавҷуда истифода бурда, ҳамкориҳоро дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ густариш мебахшанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh