ҶИЛОИ НАВАД РАНГИ АТЛАСИ ХУҶАНД

Атласи тоҷик таърихи қадима дорад. Мо дар кадом аср пайдо шудани атласбофиро муайян карда наметавонем, зеро дар ин марвид ривоятҳои зиёде мавҷуд аст. Матои атласро аксар халқиятҳо моли тоҷикон мешуморанд, зеро аз даврони пеш занони тоҷик либоси зебову шинами атласро ба бар мекарданду мекунанд. Аслан номи матои атлас аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш ҳамвор аст, яъне матои атлас маънои матои ҳамвор ва ҷилои дурахшонро дорад.

Ривояти пайдоиши матои ранга…

Ривоятҳои аҷибе оид ба пайдоиши атлас мавҷуд аст. Зани тоҷики 85 сола Бихалича Аҳмадова ривоятеро, ки аз бибикалонаш шунидааст, нақл кард:

- Зане танҳо умр ба сар мебурд, ӯ фарзанд надошт. Зиндагии фақиронае аз сар мегузаронд. Ӯро бадбахт меҳисобиданд. Рӯзе ҳаво сард буд, ӯ либосе надошт то ба бар кунад. ҳайрону ларзон мегашт. Нохост чашмонаш ба партови зиёде афтод, ки дар он ҷо як тӯда ресмонҳои рангоранг мехобид. Ресмонҳоро аз замин бардошта, ба кулбаи сарду торикаш оварду ба бофтан шурӯъ кард. Байни ду- се рӯз ресмонҳои бофтааш тайёр шуд. Онро аз назар гузаронд. Он рангорангу зебо буд. Хурсандона ба танаш пӯшид. Аҳли маҳалла либоси дӯхтаи занро писандида ресмонҳои рангоранг оварданд. Аз зан хоҳиш карданд, ки ба онҳо ҳам дӯзад. Бо ҳамин роҳ он зани ғариб зиндагии хешро бо меҳнати ҳалол ба даст меоварад.

Ин ривоят аз хотири Бихалича Аҳмадова намеравад, зеро, - мегӯяд ӯ, - либоси атласро хеле дӯст медоштам, вале барои харида дӯзонидани матоъ шароити кофӣ надоштам. Имрӯз шукрона аз даврони Истиқлолият мекунам, ки ҳама ҷо аз матоъҳои гуногун, аз ҷумла адрасу атлас фаровон шудаасту ҳар яке имконияти харида, пӯшидани онро дорад. Бале, дар ҳақиқат матои атласу адрас хеле шинаму зебо буда, ба зани тоҷик ҳусни наверо зам мекунад.

Таърихи пайдоиш ва парокандагӣ…

Соли 1872 дар шаҳри Хуҷанд фабрикаи пиллакашӣ ба фаъолият оғоз кард, ки мошини буғияш қувваи 10 асп дошта, 73 дастгоҳро ба ҳаракат медароварду 78 нафар банди кор буданд. То соли 1913 дар Хуҷанд аллакай 5 коргоҳ амал мекарданд. Аз рӯи маълумоти соли 1917 дар Хуҷанд 209 артели косибӣ фаъолият дошт, ки онҳо ба маблағи 382 ҳазор сӯми маҳсулот истеҳсол мекарданд.

Аввали солҳои 20 – ум дар Хуҷанд аввалин артели косибон бо номи «Бофанда» ташкил шуд, ки ҳазорон бофандаи шаҳрро муттаҳид намуда, матоъ истеҳсол мекард.

Кооператсия кардани косибон дар Хуҷанд моҳи сентябри соли 1920 сар шуд. Соли 1921 - ум ҳафт артели нахустин, ки 200 аъзо дошт, ташкил гардид. Дар уезди Хуҷанд охири соли 1926 наздик 3500 косиб муттаҳид шуданд. Солҳои 1927 – 1928 дар Хуҷанд якумин фабрикаи шоҳибофӣ бо номи «Бофандаи сурх» ташкил гардид.

Дар асоси Қарори райпромсоюз ва фармони артели рақами 1 аз моҳи феврали соли 1931 артели бофандаҳо ва фабрикаи шоҳибофӣ муттаҳид карда шуд. Аз ин ҷост, ки фабрикаи «Атласи Хуҷанд» соли 1931 ташкил шуд. Соли 1932 номи фабрика ба артели бофандаҳои «Бофандаи сурхи Хуҷанд» табдил дода шуд. Соли 1940 маҳсулоти артел 10 баробар зиёд гардид.  

Дар солҳои ҷанг новобаста аз он, ки ашёи хом кам буду мутахассисони баландихтисос аз кор рафтанд, нақшаи истеҳсолӣ иҷро мешуд. Дар солҳои вазнини ҷанг, вазифаи асосии артел ин ҷалби васеи занон ба кор буд, зеро мардон ба фронт рафта буданд. Яке аз аввалин зане, ки ба кор омад Темурой Ахмедова буд. Сафи занон торафт меафзуд ва онҳо корро муваффақона ба иҷро мерасониданд.

Соли 1974 дар асоси Қарори Вазорати саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона васеъ карда шуд ва то соли 1990 дар ин ҷо то 1000 нафар кор мекарданд. Матое, ки мебароварданд, тақрибан 2 миллион метр дарозӣ дошт. Дар шаҳр барои ривоҷу равнақи кирмакпарварию пиллапарварӣ корхонаи «Грензавод» фаъолият мебурд, ки вазифаи асосии кормандони он зиёд кардани кирмак ва ҳар сол дар вақти зарурӣ кирмакҳоро ба колхозу совхозҳои ҳудуди вилоят таъмин кардан буд. Баробари ин комбинати шоҳибофӣ аз пилла абрешим гирифта, аввал барои корхонаи худ истифода мекарданд, баъдан абрешими тайёршударо ба корхонаи «Хуҷандатлас» равона месохтанд. Барои равнақ ёфтани ин коргоҳ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Туркманистон ва Гурҷистон абрешим оварда мешуд. Ин омилҳо сабаби то соли 1990 ривоҷу равнақ ёфтани коргоҳ гардид.

Тавлиди ҶДММ «Атласи Хуҷанд»

Пас аз соли 1990 муносибатҳои давлатҳо дигаргун гашт. Аз Федератсияи Россия дастгоҳҳо ворид намешуданд. Охирин дастгоҳи воридшуда соли 1974 дастрас шуда буд. Баробари ин аз Белорусия маводи кимиёвӣ, алалхусус рангубор барои матоъ оварда мешуд. Аз оғози соли 1990 шумораи кормандони корхона кам гардид, истеҳсоли матоъ низ торафт кам мешуд. Коргоҳ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд. Истеҳсолот паст рафта, тамоман аз кор монд. Соли 2005 он хусусӣ гардонида шуд.

Аз моҳи январи соли 2008 коргоҳ номи ҶДММ «Атласи Хуҷанд» - ро гирифт ва то имрӯз фаъолият мебарад. ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ягона корхонаест, ки дар ҷумҳурӣ бо истеҳсоли саноатии атласу адрас машғул аст. Дар солҳои замони шӯравӣ матоҳои атлас дар тамоми ҷумҳурӣ шӯҳратёр буд ва имрӯз низ қиммати худро гум накардааст.

- Азбаски соли 2005 коргоҳи мазкур шахсӣ гардонида шуд, мо корро аз сохтмону таъмир оғоз кардем, ки шароити хуби корӣ ба кормандон муҳайё шавад. Ҳамчунин дастгоҳҳои мавҷударо аз таъмир баровардем. Бо хушнудӣ метавон гуфт, ки имрӯз корхона ба пуррагӣ фаъолият дорад. Дар коргоҳи мазкур аз 100 фисади кор 70 фисадаш дастӣ буда, 30 фоизи кор тариқи дастгоҳҳои механикӣ сурат мегирад. Ба ғайр аз истеҳсоли матои атлас истеҳсоли матои адрас низ ба роҳ монда шуд. Он аз пахта тайёр мешавад, - гуфт роҳбари корхонаи ҶДММ «Хуҷандатлас» Азимҷон Ғафуров.

Боиси қайд аст, ки то омода шудани матоъ 22 амал ба иҷро расонида мешавад, аз ҷумла тар кардани калобаи абрешим, ресандагӣ, тобандагӣ, буғдиҳӣ, калобаресӣ, пухтани абрешим дар барқ, даврагирӣ, кашидани нақшаи матоъ, аврбандӣ, рангуборкунии торҳои асосии басташуда, кушодани ҷойҳои басташуда, чинак, кушояк, қаткушо, гузарондани нахҳои асосӣ, юрма, шона ва бастани нахҳои кандашуда, гузарондани нахҳо аз ғӯлаҳо ва теғ, найчаандозӣ, бофандагӣ, буридан, дарзмол кардан, ченак ва борпеч, ҳамчунин супоридани маҳсулоти тайёр ба анбор мебошад. Боиси қайд аст, ки то ба иҷро расонидани тамоми амалҳо коргарон масъулияти зиёдро эҳсос мекунанд.   

- Ҳоло коргоҳ истеҳсоли намуди атласу адрасро ба роҳ мондааст. Кормандон дар як баст фаъолият дошта, дар як сол то 50 ҳазор метри тӯлонӣ атласу адрас истеҳсол мекунанд. Айни замон коргоҳ 120 намуди нусхаи матои атлас ва 34 намуди  адрасро ба аҳолӣ пешниҳод мекунад. Дар коргоҳ 51 нафар коргар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд, - гуфт Азимҷон Ғафуров.

Кормандони асил ва дӯстдорони касби хеш

Дар коргоҳи мазкур бештар нафароне фаъолият мебаранд, ки аз даврони Шӯравӣ фаъолияти кориашонро оғоз кардаанд. Ин нафарон бо ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ва шукронаи даврони Истиқлолият умри пурбаракати хешро баҳри меҳнати пурмашаққат равона кардаанд.

Зӯҳро Шоҳидова тӯли 50 сол инҷониб ба ҳайси бофанда кор мекунад. Ӯ аз субҳ то шом дар назди дастгоҳи бофандагӣ истода, адрасу атласи зебо мебофад.

- Мекӯшем, барои духтарону бонувони зебо адрасу атласҳои босифату шинамро пешниҳод кунем. Ҳоло намудҳои наву гуногуни адрасу атлас бофта истодаем, то харидорон барои худ нақши ба табъу завқашон муносибро дарёфта бошанд. Барои фаъолияти корӣ бошад, шароити хуб муҳайё аст, - гуфт Зӯҳро Шоҳидова. 

Баҳри зебову рангоранг ва гуногуннақш истеҳсол гардидани матои адрасу атлас саҳми нақшофар хеле калон аст. Зеро маҳз тахайюлоти бою рангини ӯ метавонад матоъро ҷаззобу зебо гардонида бошад. Ҳоло дар коргоҳи мазкур Толиб Шарифов аз соли 1980 инҷониб фаъолият мебарад. Ӯ нақшофар аст ва мегӯяд, ки нақши зебо офаридан ва чизи наверо ба сокинон пешниҳод кардан кори саҳл нест. Соатҳои тӯлонӣ бояд машаққат кашид, то нақш аз ҳамдигар фарқ дошта бошад.  

- Кори нақшбанд дар назари аввал мушкил аст, вале вақте касби худро дӯст медоред ва ба умқи он ворид мешавед, метавонед дар тахайюлоти худ матои шинамро тасвир ва онро дар амал иҷро кунед. Гуфта наметавонам, ки кори нақшбанд осон аст, вале агар ҳар корро бо масъулият ва муҳаббат ба иҷро расонидан хоҳем, албатта, мушкилиро сарфи назар хоҳем кард, - гуфт Толиб Шарифов.

Боиси қайд аст, ки ҷомеаи меҳнатӣ аз нафароне иборат аст, ки ба касби худ содиқ ҳастанд. Вақте коргоҳ пурра аз фаъолият бозмонд, ҷомеаи меҳнатӣ пароканда гардид, вале роҳбари кунунӣ ҳар якеро аз нав сарҷамъ карда, дубора ба меҳнат ҷалб сохт.    

Таъкид ба ёдоварист, ки ҶДММ «Атласи Хуҷанд» бо корхонаҳои дохилии ҷумҳуриявии КМ «Ресандаи Тоҷикистон», ҶСП «Олим Текстайлз», ҶДММ «Неку Хуҷанд», КМ «ВТ Силк» ва ширкати хориҷии LTD «Bezema» – и давлати Швейтсария ҳамкорӣ дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки намудҳои атлас чӣ дар даврони Шӯравӣ ва то ба имрӯз дар коргоҳ истеҳсол мешуданд, дар рафти истифодабарӣ, яъне дар об шуста намешуданду танҳо бо роҳи кимёвӣ (химчистка) тоза карда мешуд. Аввалин маротиба бо истифодаи технологияи нави рангуборкунӣ 48 намуди атлас истеҳсол гардид, ки либосҳои аз онҳо дӯхташуда шуста мешаванд. Ин кор бо ҳамкорӣ бо намояндагони ширкати LTD «Bezema» - и давлати Швейтсария ба роҳ монда шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh