Хуҷанд: Қаҳвахонаи «Ҷавонӣ» ифтитоҳ гардид

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода  қаҳвахонаи «Ҷавонӣ»ифтитоҳ гардид.

Қаҳвахонаи «Ҷавонӣ» аз ду  ошёна иборат буда дар миёни  биноҳои баландошёнаи навбунёд ва хуштарҳу замонавии микроноҳияи 19-уми маҳаллаи “Суғдиён” ҷойгир гардида, ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фирдавс Шамсиев бо усули муосир бунёд шуда, дорои беҳтарин шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ мебошад.

Дар қаҳвахона тамоми шароити хизматрасонӣ бо усули муосир ташкил гардида, дар як вақт ба 160 нафар мизоҷон хизматрасонӣ сурат гирифта, 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд.

Дар ҳамин ҷой ба 28 нафар ятимон сару либос, тўҳфа ва маблағҳои пулӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд. Таъкид гардид, ки шумоён ҳаргиз худатонро ятиму бепарастор нашуморед, чунки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ғамхору мададгоратон ҳастанд. Пешвои муаззами миллат  намегузоранд, ки шумо худатонро бе падару  модар, танҳову нотавон  ҳис кунед. Барои таълиму тарбия ва зиндагии сазовори Шумо шароит фарохам оварда мешавад. Шумо бояд танҳо барои хуб хондан саъю кӯшиш намоед, то ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя расида, ба халқ софдилона хизмат кунед.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти қаҳвахонаи «Ҷавонӣ» барои хизматрасонии дастрас ва босифат дастуру супоришҳо дода, таъкид дошт, ки дар ин раванд баҳри ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ аз имконоти мавҷуда истифода баранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh