Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Деваштич

14 апрели соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич бо рафти корҳои ободонию созандагӣ шинос шуд.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди иншооти гуногун, аз ҷумла фермаи мурғпарварӣ, фермаи чорвопарварӣ, корхонаҳои саноатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, чароғонкунии роҳҳо, сарсабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо ба нақша гирифта шуда, корҳо муташаккилона ҷараён доранд.

Раиси вилоят зимни сафар корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои густаришу тақвиятбахшии корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар Ҷамоати деҳоти Яхтан бо раванди бунёди фермаи парандапарварии ҶДММ "Ҳоҷӣ Рауф" ошно шуда, баҳри иҷрои саривақтии корҳо ва истифодаи усулҳои нави парандапарварӣ тавсияҳо дод. Иттилоъ дода шуд, ки фермаи мазкур барои парвариши 20000 сар мурғ пешбинӣ шуда, бо фаъол шудани он чанде аз сокинон соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷамоат бо иқдоми соҳибкорон Шомурод Шобаротов ва Ҳамдам Сиддиқов ду фермаи чорвопарварӣ низ бунёд шуда истодааст. Дар фермаи якум парвариши 50 сар моли калон ва фермаи дуюм парвариши 120 сар моли калон ба роҳ монда мешавад.

Раиси вилоят ташкили чунин фермаҳоро дар ҳудуди деҳот муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, таъкид кард, ки бо назардошти мавҷуд будани захираву имкониятҳо дар оянда корхонаҳои коркарди ширу гӯшт низ бояд таъсис дода шавад.

Раиси вилоят ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Яхтан бо раванди бунёдкориҳо, аз ҷумла чароғонкунии кучаҳо ва шинонидани ниҳолҳо низ шинос шуда, қайд кард, ки сокинони меҳнтқарини вилоят имрӯзҳо барои таҷлили шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Дар ин росто аҳолии ноҳияи Деваштич низ бо иҷрои корҳои ободонӣ бояд саҳми худро барои ободии диёр гузоранд.

Дар доираи корҳои чароғонкунӣ дар ҳудуди ҷамоат 320 адад сутунпоя гузошта шуда, даромадгоҳи ноҳия аз самти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд то маркази ноҳия чароғон карда хоҳад шуд.

Ҷоизи таъкид аст, ки роҳи мазкур ба масофаи наздик 17 км чанде қабл бо дастгирии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра мумфарш гардида буд.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо лоиҳаи майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар деҳаи Хуштоир ошно гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, барои бунёди иншооти варзишӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия замин ҷудо гардида, майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ бо ташаббуси соҳибкорон сохта мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh