Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе"

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо нархи маҳсулоти ниёзи аввал аз бозори марказии "Панҷшанбе" боздид намуд.

Роҳбари вилоятро муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҷамъияти "Тоҷикматлубот", роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва дигар масъулон ҳамроҳӣ намуданд.

Аснои боздид аз растаҳои гуногуни бозор роҳбари вилоят бо нархи маҳсулоти гуногун аз наздик шинос шуда, аз фурӯшандагону роҳбарияти бозор даъват кард, ки дар моҳи шарифи Рамазон аз ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маводи ғизоӣ пешгирӣ карда, нархҳо танзим ва ба қадри имкон поён бурда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини ҷамъияти "Тоҷикматлубот" барои ташкили дӯконҳои фурӯши гӯшт дар ҳудуди бозор супориш дода, таъкид кард,  ки се нуқтаи фурӯши гӯшт таъсис дода, гӯштро  бо нархи аз бозор арзонтар пешниҳоди сокинон намоянд.

Ҳамзамон барои ташкили гӯшаи деҳқон дар микроноҳияҳои шаҳр ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоти кишоварзӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Раиси вилоят инчунин барои риояи қоидаҳои санитарӣ, таъмиру таҷдиди растаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои фурӯшандагон ба роҳбарияти бозор супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh