Занбӯрпарварӣ нишоте дорад дигар

Барои мардуми тоҷик асал ғизое ба шумор меравад, ки он ҳам ба солимии ҷисму тан, ҳам баҳри баланд бардоштани нерӯи муқобилистии ҷисми инсон ба бемориҳо мусоидат мекунад, инчунин хосиятҳои давоияш ба даҳҳо бемориҳо беқиёс мебошад.

Имсол, ки аз оғози баҳор обу ҳаво номусоид омада, сербориш гашт, оё таъсири он баҳри занбӯрпарварӣ мусбат аст ва ё манфӣ?

Мухбирамон бо ин суол ба занбӯрпарвар аз ноҳияи Айнӣ Руқиябону Назарова муроҷиат кард.

 - Соли гузашта низ обу ҳаво баҳри занбӯрпарварон на он қадар хуб буд. Боронгариҳо ва хунукиҳои оғози фасли баҳори имсола ҳам ба гардиш, яъне ба берун баромадан ва ҳам гардигулҷамъкунии занбӯрҳо монеа эҷод кард. Занбӯрпарвар, ки рӯзгораш аз паси ин пеша аст, бояд ба ҳама гуна шароит омода бошад. Азбаски фасли сармо дурударозу хунук омад, мо барои ба баҳор, яъне саршавии мавсими занбӯрпарварӣ тайёр кардани оилаҳои занбӯр ҳанӯз моҳи феврал ба занбӯрҳо тариқи ба қуттиҳо гузоштан кулчақанд ( ба ҳар кадом қуттӣ дар лаъличаҳо сад граммӣ) додем.

Беҳтарин омили боқувват гардондани занбӯр он аст, ки кулчақанд аз асали худи занбӯр истеҳсолкарда бошад, на аз шакар ё оби набот ва ё дигар намуди ширинӣ. Бо фарорасии баҳорон нағзакак санҷидан даркор аст, ки оё занбӯр ба ягон касалӣ гирифтор нашудааст. Чунки бепарвогӣ ба касалӣ метавонад тамоми оилаи занбӯрро нобуд кунад. Ин барои занбӯрпарвар бо барбод додани ҳамаи дастранҷаш баробар аст. Касалиҳои занбӯр якчанд намуд мешавад.

Барои пешгирии ҳамагуна касалиҳо мо, занбӯрпарварон аксаран доруи тетратсиклинро истифода мебарем. Қуттиҳои занбӯрро бо дорувор коркард мегузаронем. Ман дар ин масъалаҳо пайваста бо олимони Донишгоҳи давлатии кишоварзии Тоҷикистон машварат намуда, аз онҳо маслиҳат мегирам. Бояд гӯям, ки соли гузашта бо сабаби номусоидии обу ҳаво ва ба касалӣ гирифтор шудан чанд қуттӣ занбӯрамон нобуд гашт. Мувофиқи маслиҳати олимони соҳа аз пойтахти мамлакат чаҳор адад модазанбӯр дастрас намудам.

Ҳоло ки мавсими ба саҳро баровардани занбӯр сар шудааст, бояд онро низ ба эътибор гирифт, ки дар наздикии мавзеи гузоштани қуттиҳои занбӯри асал набояд оилаи занбӯри касал ҷойгир бошад. Агар донистем, ки он занбӯр касал аст, ҳатман бояд занбӯрҳоро ба ҷои дигар кашонем, то оилаи занбӯри худро аз касалӣ эмин нигоҳ дорем. Дар деҳаҳои мо дар моҳҳои аввали баҳор гиёҳҳои кӯҳӣ бисёр мерӯянд. Вале имсол дар деҳаи худамон ба гузоштани қуттиҳои занбӯр шароити мусоид ба миён наомад, яъне гиёҳҳое, ки гарди гул дода метавонанд, насабзиданд.

Мо маҷбур гаштем, қуттиҳои занбӯрро ба деҳаи Такоби таги ағбаи Оҳучи кашонда бурда, гузорем Зеро дар ин минтақа гиёҳҳои кӯҳӣ, аз ҷумла гиёҳҳои шифобахши зира, гули рова, карафс, ҳулбӯи кӯҳӣ, қоқутӣ, оқчаил, ки сершираанд ва ҳам шир доранду ҳам шилм, хеле бисёранд. Умуман, дар ин минтақа бештар аз сад намуди гиёҳҳои кӯҳии шифобахш мерӯянд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh