СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ БОСИФАТ БА АВРУПО ВА РОССИЯ

Саноатикунонии босуръати кишварро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда буданд ва дар ин самт аз ҷониби масъулин корҳои мушаххас роҳандозӣ шудааст. Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, алалхусус ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони коргоҳҳои хурду бузург ба роҳ монда шудааст. Алҳол корхонаҳои саноатии вилоят ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида, дар ин замина, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатӣ дар қаламрави вилоят ва берун аз он дар сатҳи хуб қарор дорад.  

Ҷоиз ба зикр аст, ки коргоҳҳои ресандагӣ низ фаъолияти мунтазам дошта, баҳри таъмини маҳсулоти босифат ва ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир будани маҳсулоти истеҳсолӣ камари ҳиммат бастаанд. Алҳол дар вилоят як қатор коргоҳҳои ресандагӣ амал мекунад, ки фаъолияти онҳо барои равнақ ёфтани соҳа нигаронида шудааст.

Тавре мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода иттилоъ дод, алҳол дар вилоят ҳашт корхонаи ресандагӣ, аз ҷумла ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Суғд - текстайл», ҶДММ «Нику Хуҷанд», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Спитамен текстайл», ҶДММ «Ангубин» ва ҶДММ «Органик Ян» мавҷуд аст.

Иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли лоиҳавӣ дар коргоҳҳои мазкур дар се моҳи соли равон 38500 тонна ва иқтидори истеҳсолии воқеӣ 21300 тонна мебошад. Коркарди нахи пахта 2007,8 тонна буда, иҷроиши нақша 113,3 фоиз мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ зиёд аст. Ҳамчунин, истеҳсоли калобаи пахтагин 1739,1 тоннаро ташкил дод, ки 115,1 фисад иҷро шудааст.

Боиси қайд аст, ки бештар истеҳсоли коргоҳҳои ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Суғд - текстайл», ҶДММ «Ангубин» ва ҶДММ «Органик Ян» назаррас буда, барои барзиёд иҷро кардани нақшаи истеҳсолӣ корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд.

ҶДММ «Ҷавонӣ» яке аз коргоҳхои истеҳсолӣ буда, фаъолияти худро бо коркарди ниҳоии нахи пахта то сикли охирон, маҳсулоти тайёри дӯзандагии рангкардашуда равона кардааст.  

Тавре, роҳбари корхонаи мазкур Иброҳим Ғафуров иттилоъ дод, алҳол коргоҳ зиёда аз 95 фоизи маҳсулоти истеҳсолшудаи худро ба давлатҳои Аврупо (Италия, Хорватия) инчунин Федератсияи Россия содирот мекунад. Новобаста аз оне, ки соли 2020 - ум барои ҷаҳониён бинобар паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус соли мушкил буд, коргоҳи мазкур кӯшид то истеҳсолот бо тамоми иқтидор фаъолиятро ба роҳ монад. Ин аст, ки содироти маҳсулот давоми се моҳи соли сипарӣ барзиёд иҷро шудааст.    

- Коргоҳ дар 3 баст фаъолият карда, истеҳсоли маҳсулоти тайёри худро дар асоси фармошҳои мизоҷони хориҷии худ ба роҳ мондааст. Дар замони ҳозираи ҷаҳонӣ, ки рақобатнокии истеҳсолӣ ва фурӯши мол душвор мебошад, мутахассисони мо ҳамаи имконият, дониш ва таҷрибаи бисёрсолаи худро барои истеҳсоли намунаҳои нав ба мизоҷон пешкаш карда истодаанд. Ҳатто соли сипарӣ барои истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатӣ, матои резинавии эластикӣ истеҳсол кардаанд, ки зарурияти ворид намудани резинкаи қисми ниқоб аз хориҷи кишвар аз байн рафт, - гуфт номбурда.

Дар он ҷо зиёда аз 800 нафар коргар фаъолият доранд, ки наздик 600 нафари онҳо зан мебошанд.

Бино ба иттилои масъулин дар се моҳи аввали соли 2021 истеҳсоли ресандагии ҶДММ «Ҷавонӣ» 219,2 тонна риштаи пахатагӣ, 990,4 метри мураббаъ матоҳои дурушти ҳар гуна артикулҳо, 293,6 ҳазор адад маҳсулоти дӯзандагӣ ( аз ҷумла шимҳои мардона ва занона 184,3 ҳазор адад, нимшимма 109,1 адад ва курткаҳо 0,24 адад) истеҳсол намудааст. Истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 23,5 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

- Дар се моҳи аввали соли 2021 коргоҳ ба маблағи умумии 22,4 миллион сомонӣ аз ҷумла ба Аврупо ба маблағи 20,6 миллион сомонӣ, ба Федератсияи Россия ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ содирот  кардааст. Новобаста аз оне, ки дар ҷаҳон бемории сироятии КОВИД - 19 паҳн гардид, роҳбарият ва мутахассисон нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва содироти маҳсулоти тайёри коргоҳро баланд бардошта, кӯшиданд то дар байни истеҳсолкунандагони бозори ҷаҳонӣ мавқеи хосаи худро ишғол намоянд, - гуфт номбурда.

Ин аст, ки дар давраи хурӯҷи пандемия коргоҳ беш аз ду миллион адад ниқоби муҳофизатиро ба давлати Аврупо фиристод. Баробари ин, дар дохили кишвар низ сокинонро бо ниқобҳои яккарата таъмин карда, нуқтаҳои фурӯши ниқоби хушсифатро низ ба роҳ мондаанд.  

Алҳол коргоҳҳои ресандагии вилоят баҳри зиёд кардани иқтидори худ ва барои иштирок дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Иқдоми мазкур як андоза барои пеш рафтани фаъолияти корхонаҳои ресандагӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани молу маҳсулоти кишвар мусоидат хоҳад кард.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh