Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд

Имрӯз дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи бизнес-форуми "Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст " мулоқоти сеҷонибаи  роҳбарони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд.

Дар ин мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, ҳокими вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев суханронӣ намуда, хостори густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ шуданд.

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров нахуст меҳмононро ба Фарғона хайрамақдам гуфта, барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сеҷониба  таклифҳои худро пешниҳод кард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон муносиботи вилоятҳои ҳаммарзи се мамлакат дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, ҷонибҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам рушд бахшидани ҳамкориҳо корҳои муайянро ба иҷро расонанд.

Ӯ ҳамзамон вобаста ба вазъи иқтисодии вилояти Суғд маълумот дода, иброз дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо корхонаи нав бунёд гардида, имрӯз теъдоди корхонаҳо ба 700 расидааст.  Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ сол аз сол зиёд гардида, барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ имкониятҳо фаровон аст. Таъкид гардид, ки доираҳои тиҷоратии вилоятҳо метавонанд барои густариши робитаҳои  иқтисодӣ  ва содироту воридоти маҳсулот ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh