Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд

22 апрели соли 2021 дар Театри вилоятии ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи "Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст" бизнес-форуми минтақавӣ баргузор гардид.

Дар кори бизнес-форум роҳбарони вилоятҳои Суғд,  Фарғона ва Ботканд, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии се вилояти ҳаммарз ширкат доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҳамоиши минтақавӣ омодагии вилояти  Суғдро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва муштарак баён дошт. Зикр гардид,  ки ташкили ҳамоиши имрӯза баҳри тақвияти ҳамкориҳо заминаи воқеӣ гузошта, ҷонибҳоро итминон мебахшад, ки дар оянда баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон изҳори боварӣ намуд,  ки минтақаҳои наздисарҳадӣ дар фазои сулҳ ва дӯстона бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ муносибатҳоро таҳким  бахшида, барои зиёд шудани доду гирифти молу маҳсулот хизмат мекунанд.

Дар охир миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона - шаҳри Конибодом  ва ноҳияи Бешариқ, шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бувайда, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Данғара,  шаҳри Исфара ва ноҳияи Ӯзбекистон, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи  Учкӯприк меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh