Суруру самимияти мардум аз ободкориҳо

Воқеан имрӯзҳо, дар рӯзҳои баҳори пурфайз саросари кӯчаву гулгаштҳои шаҳру навоҳии кишвари зебоманзарамон басо ободкориву созандагӣ зиёд ба чашм мерасанду ҳар гӯшаи он ғарқаи гулзору гулпӯш шудаву диққати хурду бузург ва меҳмонононро ба худ ҷалб намудааст.

Дар раванди иҷрои дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ идома ёфта, имрӯзҳо дар арафаи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ деҳаҳои дурдаст низ басо обод гаштаву симои худро куллан тағйир додаанд. Мавзеи деҳоти Ворухи Исфарамарз бо қудуми Пешвои миллат қабои зебову рангин ба бар кардаву симояшро дигаргун намудааст. Зимни ифтитоҳи иншооти ҷашнии минтақаи мазкур Президенти кишвар ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорон, лоиҳакашон ва ҳамаи мутахассисону бинокорон, гулпарварон, ки барои ободии ин гӯшаи Ватанамон заҳмат кашида, онро ба як мавзеи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, баҳои баланд доданд. Дар ин ҷода саҳми масъулини иншоот, аз ҷумла сохтмончиёну гулпарварон хоса мебошад:

Тибқи дастуру супоришоти роҳбарияти вилоят, дар корҳои ороишиву гулзоркунӣ ва сабзкориҳои мавзеи Ворух ба зиммаи коргоҳи мо вогузошта шуда буд. Бояд гуфт, ки наздик 15 нафар гулпарвари забардасти вилоят давоми як ҳафта дар майдонҳои иншооти ифтитоҳшаванда сабзаи ҳамешасабз кошта, беш аз 150 ҳазор адад гули навъи мухталиф, аз ҷумла гулҳои мавсимии баҳорӣ шинонидаву нигоҳубини хуби онҳоро ба роҳ монданд, иброз дошт директори Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ Абдусалом Шодибеков.

– Басо шод ҳастам, ки бо шарофати касби гулпарвариам дар ободкориҳои диёр саҳм мегузорам ва инчунин дар сабзкориҳои Исфарамарз низ ширкат доштам. Банда бори аввал ба ин мавзеъ сафар доштам ва онро ободу табиаташро зебову дилрабо дарёфтам. Таи чанд рӯзе, ки дар ин ҷо будем, аз меҳмондӯстиву рафоқати мардум ва масъулини сохторҳои Исфарамарз бардоштҳои хуб гирифтам.

Умедворем, ки маҳсули кори мо ба ҳамагон писанд афтодаву он тамоми меҳмонону сокинонро боз ҳам шоду руҳбаланд мегардонад. Сӯҳроби Ҳалим, донишҷӯ: Сафар ба шаҳри Исфара бароям аз ҳар ҷиҳат хотирмон буд, зеро дар тантанаҳои Наврӯз, ки бо иштироки Пешвои муаззами миллат ҷараён гирифтанд, дар расми кушоди иншооти ҷашнӣ ширкат варзидам. Таи ду рӯзи сафари хеш бо дӯстон манзараҳои биҳиштосову назаррабо ва мавзеъҳои таърихии шаҳрро тамошо кардем. Аз тамошои чунин табиати зебо бисёр ба ваҷд омада, бори дигар ба касбияти сохтмончиёну ҳунармандон, гулпарварону ороишгарони вилоят қоил мондам.

Аз ҳамаи ин созандагиву ободкориҳои диёр мо ҷавонон бояд шукргузорӣ намоему дар оянда чун фардони бонангу номуси миллат дар рушду тараққиёти кишвар саҳмгузор бошем.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh