Мулоқоти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии cарвазирони ҳарду давлат доир гардид

24 апрел Сарвазири  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташриф овард.

Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода истиқбол гирифт.

Мулоқоти хоссаи роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ва мулоқоти ҷонибҳо дар доираи маҳдуд ва васеъ баргузор гардид.

Зимни мулоқот самтҳои муҳим, аз ҷумла сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм, фарҳанг, содироту воридоти  маҳсулот, тандурустӣ, роҳи оҳан, гумрук, энергетика  ва дигар бахшҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба тақвият бахшидани ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳадафҳои созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робитаи дӯстӣ миёни ин ду кишвар афзуда, дар ин самт дастовардҳои назаррас рӯи кор омад.

Бунёду ба истифода супоридани иншооти таъиноти гуногун дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо саҳми ҳарду ҷониб собитгари робитаи нек доштани ин ду кишвари бо ҳам дӯст мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони пешсафи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвари дўст дар соли 2020 333,8 миллион доллари америкоиро ташкил намуд, ки дар самти раддабандии кишварҳои бо Тоҷикистон мубодилаи молу маҳсулотдошта Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавқеи сеюмро ишғол менамояд.

Новобаста аз натиҷаҳои бадастомада афзун намудани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, бунёди коргоҳу корхонаҳои  истеҳсолӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун зарур шуморида шуд.

Зикр карда шуд, ки дар самти равнақ бахшидани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 29 созишномаву шартномаи нави ҳамкорӣ дар  баррасӣ қарор дорад.

Вобаста ба истифодаи имкониятҳои то ҳол истифоданашуда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ниҳодҳои ваколатдор талаб карда шуд, ки дар ин самт ҳарчӣ зудтар чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар идома ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан карданд.

Ба ҳайати меҳмонон расму оин, фарҳанг, таърих, мероси ғаннӣ доштани миллати тоҷик ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол муаррифӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh