Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят,  роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Бо ҳузури масъулони ниҳодҳои марбута вазъи корҳои саҳроӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.  Тавре иттилоъ дода шуд,  соли равон дар вилоят дар 60 ҳазор гектар пахта кишт шуда, дар навоҳии пахтакор кишти пахта ҷараён дорад.

Ҳамзамон дар хоҷагиҳои деҳоти ноҳияҳо кишти картошка ҷараён дошта, тибқи нақша масоҳати майдони картошка 30 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Пас аз шунидани гузориши муовини Раиси вилоят  Назирӣ Зариф Вализода  Раиси вилоят барои иҷрои саривақтии нақшаи кишти зироатҳо, истифодаи самараноки замин, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ, гирифтани ду-се ҳосил, таъмини рушди кирмакпарварӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараровар ва дигар корҳои саҳроӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh