Мулоқоти роҳбарони вилоятҳои Суғд ва Ботканд

28 апрели соли 2021 дар минтақаи нейтралии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқоти роҳбарони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Зимни мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев муаммоҳои дар марз ба вуҷуд омадаи се моҳи ахирро мавриди баррасӣ қарор дода,  ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки тоҷикону қирғизҳо давоми асрҳо дар ҳамсоягии ҳам зиста, бо риояи анъанаҳои неки ҳамзистии осоишта дар рӯзҳои шодиву сурур ва сӯзу мотам дар паҳлуи якдигар буданд, зеро ҳамсояро интихоб намекунанд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрам, аз ҷумла пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар сарҳад, ҳалли саривақтии обёрии заминҳо, бе дахолати мақомоти қудратӣ ва дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳал намудани муаммоҳои ба миён омада ва амсоли инро баррасӣ карда,  ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд масъалаҳо ҳар ҳафта дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳо ва моҳе ду маротиба дар сатҳи раисони вилоятҳо баррасӣ карда шавад.

Тарафҳо ҳамчунин барои ба ҳолати аввала бозгардонии робитаҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ омодагии худро изҳор доштанд ва интизор меравад, ки равуо ва доду гирифти молу маҳсулот чун солҳои пеш ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh