Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони ширкати «Риттер»-и Шветсария

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати бонуфузи «Риттер»-и Шветсарияро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба коркарди ниҳоии пахта, фаъолгардонии корхонаҳои коркард, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт баррасӣ гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат таъкид кард, ки бо назардошти ашёи муҳими саноатӣ будани пахта бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати кишти пахта сол аз сол зиёд гардида истодааст.

Соли гузашта дар вилояти Суғд 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардида буд ва интизор меравад, ки имсол аз тарафи хоҷагиҳои пахтакори вилоят 150 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шавад. Вилояти Суғд барои то ҳадди ниҳоӣ коркард кардани пахта ва ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои босифату бозоргир ҳавасманд буда, дар ин ҷода нишондиҳандаҳо назаррас мебошанд. Дар вилоят 8 корхонаи бузурги саноатӣ ба коркарди нахи пахта машғул буда, дар ин корхонаҳо маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад. 90 дарсади маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои “Ҷавонӣ“ ва “Сатн” ба Аврупо содирот карда мешавад.

Чуноне иттилоъ дода шуд, ширкати «Риттер» ба истеҳсоли таҷҳизоту дастгоҳҳои ресандагӣ машғул аст ва ҳадаф аз сафари намояндагони ширкат омӯзиши бозори минтақа аст.

-Мо омодаем бо ширкатҳое назири “Риттер” ҳамкорӣ карда, технологияи наву муосирро ворид ва вазъи корхонаҳои коркарди пахтаро боз ҳам беҳтар намоем,-таъкид кард дар охири суҳбат Раиси вилоят.

Мавриди зикр аст, ки намояндагони ширкат дар доираи сафар аз як қатор корхонаҳои коркарди пахта вилоят боздид карда, бо фаъолияти корхонаҳо шинос мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh