Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Каренков мулоқот намуд.

Зарфиятҳои иқтисодӣ ва саноатии вилояти Суғд, самараи ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди муносиботи тиҷоратӣ ва густариш бахшидани ҳамкориҳои судманд дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо қарор гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати дурбинонаи сарони ду кишвари дӯсту бародар Тоҷикистону Россия робитаҳо дар ҳамаи бахшҳо беш аз пеш густариш меёбанд ва Федератсияи Россия шарики стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ қайд карда шуд, ки  соли 2020 аз вилояти Суғд ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ба маблағи 350 милион доллар молу маҳсулот содирот карда шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра аз Федератсияи Россия ба вилояти Суғд молу маҳсулоти зарурӣ ворид гардидааст.

Зимни муаррифии имконоти вилояти Суғд роҳбари вилоят вобаста ба тадбирандешиҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат маълумот дода, қайд кард, ки дар асоси дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ таъсис дода шуда, мунтазам технологияҳои нави истеҳсолӣ ворид карда мешавад. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд танҳо дар соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаву коргоҳи нав бо 1570 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Ба таъкиди Раиси вилоят дар бозорҳои Федератсияи Россия ба меваҳои шаҳдбори Тоҷикиситони биҳиштосо таваҷҷуҳи зиёд доранд ва ҳамин аст, ки аз вилояти Суғд ба Россия меваҳо дар шакли тар ва ҳам дар шакли хушк содирот карда мешавад. Илова бар ин содироти дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Суғд ба минтақаҳои гуногуни Россия сол аз сол меафзояд.

Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади иштирок дар форуми соҳибкорӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда буд, аз ташаббусҳои неки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорони дохилу хориҷӣ хуш истиқбол намуд.

Евгений Каренков аз имконоти васеъи вилояти Суғд дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваву сабзавот, полезиҳо ва дигар номгӯи маҳсулоти зарурӣ ёдовар шуд ва бо боварӣ қайд намуд, ки муносибатҳои ҳасанаи Федератсияи Россия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо минбаъд низ густариш меёбанд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳо изҳор доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh