Боздиди Раиси вилоят аз фабрикаи парандапарварии ҶСК “Ҷасур”

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти фабрикаи парандапарварии ҶСК “Ҷасур” шинос гардид.

Зимни шиносоӣ Раиси вилоят таъкид кард, ки солҳои охир бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари шаҳру ноҳияҳо аз тарафи соҳибкорон чунин фабрикаҳо таъсис дода шуда, истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм ба маротиб афзун карда шуд, ки дар натиҷа воридоти гӯшту тухм хеле коҳиш ёфт. Боиси хушнудист, ки соҳибкорон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда саҳми назарраси худро мегузоранд.

Фабрикаи мазкур аз калонтарин фабрикаҳои парандапарварии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар он 30 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад ва он иқтидор дорад, ки дар як сол 340 тонна гӯшт истеҳсол намояд. Муассисони фабрика тасмим доранд ояндаи наздик биноҳои иловагӣ бунёд намуда, саршумори мурғро ба 100 ҳазор расонанд.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода рафти бунёди бинои шуъбаи таъминоти бехатарии озуқавории ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, барои фаъолияти кормандони шуъба шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh