Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Зафаробод

Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳияи Зафаробод масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Нахуст оид ба рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳия муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ гузориш дод. Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини заминҳои ноҳия бо оби полезӣ соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашии ноҳия 1 миллиону 50 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар ноҳия беш аз 30 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, дар наздик 15 ҳазор гектари он пахта кишт хоҳад шуд. Кишоварзони ноҳия дар кишту истеҳсоли пахта таҷрибаи бой дошта, ҳамасола ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Сипас, раиси ноҳия Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ вобаста ба вазъи демографӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон маълумот дода, илова намуд, ки ҳамасола барои азхудкунии заминҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ карда шуда, дар соли равон азхудкунии 70 гектар заминҳои боир ба нақша гирифта шудаастю

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳа аз суст ҷараён гирифтани кишти пахта эрод гирифта, ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати дар муҳлати кутоҳ ба итмом расонидани кишт супориш дод.

Дар назди масъулин баҳри ташкили корхонаҳои коркарди пахтаву чигит, бунёди боғу токзори нав, таъмини саривақтии киштзор бо оби полезӣ, инчунин бунёди иншооти иҷтимоиву таъмири роҳҳо вазифагузорӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh