МУАММО, МАСЪУЛИЯТ, ПЕШНИҲОД

Моҳипарварӣ – таҳким ва иқтисодиёт

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ тадбирҳои зиёд, аз ҷумла, як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Рушди соҳаи моҳипарварӣ барои таъмини амнияти озуқавории кишвар заминаи хубе фароҳам хоҳад овард. Дар вазъияти кунунӣ барои пешрафти соҳа кадом мушкилиҳо монеа оварда истодаанд?

Чанде пеш аз ҷониби мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таҳлили фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварӣ гузаронида шуд. Дар миқёси вилоят 60 хоҷагии моҳипарварӣ таъсис дода шуда, майдони умумии замини ҳавзҳои моҳипарварӣ 996, 24 гектар аст. Айни замон 29 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мебаранд, ки масоҳати онҳо 511,65 гектар мебошад.

Тавре намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Рауф Каримов иттилоъ дод, дар заминҳои барои парвариши моҳӣ ҷудошуда аз ҳар як гектар 25 сентнер моҳӣ ва аз онҳо беш аз 2 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол мешаванд. Алҳол дар ҳавзҳои моҳипарварӣ 21,2 миллион дона моҳичаи синну соли гуногун, аз ҷумла 19,5 миллион кирминамоҳича ва 1,7 миллион моҳича парвариш меёбанд. Аз ин миқдор истеҳсоли моҳии молӣ беш аз 1000 тоннаро ташкил медиҳад.

Алҳол дар вилоят ду хоҷагии калони моҳипарварӣ, аз ҷумла, Хоҷагии моҳипарварии моҳиҳои хушзоти ҶСК “Таъминоти моҳӣ”и шаҳри Гулистон бо майдони умумии 84 гектар ва дигаре Хоҷагии моҳипарварии шаҳри Панҷакент бо майдони умумии 229 гектар фаъолият мебаранд. Дар обанборҳои вилоят беш аз 40 намуди моҳӣ сукунат доранд, ки наздик 15 – 20 намуди онҳо аҳамияти калони саноатӣ доранд, гуфт Рауф Каримов.

МАСЪУЛИЯТИ МАСЪУЛОН ТО КУҶОСТ...

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳамаи хоҷагиҳои моҳидории навтаъсиси хурду миёнаи вилоят камбудиҳо дида мешаванд. Ин пеш аз ҳама, надоштани шиносномаи ҳавзҳои моҳипарварӣ, ки аз рӯи он фаъолияти хоҷагиҳо таҳлил карда мешавад, мебошад. Ба ҷуз ин, таносуби намуди моҳиҳо, технологияи парвариши моҳӣ, тарзи ғизодиҳӣ, гузаронидани корҳои сайди назоратӣ дар ҳавзҳо ва ғайраҳо аз тарафи моҳипарварон риоя намешаванд. Ба андешаи коршиносон ин боиси ба натиҷаҳои дилхоҳ нарасидани хоҷагиҳо ва нишондиҳандаҳои пасти истеҳсоли моҳии молӣ гардидааст. Б

ино ба иттилои масъулин Хоҷагии моҳипарварии шаҳри Панҷакент ҳавзҳои моҳипарвариро самаранок истифода намебаранд. Аз ин сабаб истеҳсоли моҳии молӣ суст гардида, ба нишондиҳандаи пасттарини зичии моҳичаҳо, ки ба талаботи моҳипарварӣ рост намеояд, оварда мерасонад. Ба ҳисоби коршиносони соҳавӣ бо риоя намудани технологияи парвариши моҳиҳо ҳангоми самаранок истифодабарӣ, ҳатто, 50 фисади майдони ҳавзҳои моҳипарварии ин хоҷагӣ бояд ҳар сол на кам аз 200 250 тонна моҳии молӣ истеҳсол намояд.

ҶСК “Таъминоти моҳӣ”, ки дорои шароити моҳидорию моҳипарварист, ҳавзҳои дар ихтиёр доштаро самаранок истифода намебаранд. Чор ҳавзи парвариши моҳии молӣ, ки беш аз 40 гектар масоҳат дорад, бояд зиёда аз 100 тонна моҳии хушсифати молӣ истеҳсол намояд. Кооперативҳои истеҳсолии шаҳри Истаравшан “Роғун” ва “Бобоиляз”, ки обанбори хурди Каттасойро бо мақсади парвариши моҳӣ гирифта буданд, давоми беш аз 10 сол тамоман моҳӣ истеҳсол накардаанд. Коршиносони Раёсат лозим мешуморанд, ки дар ин обанбор усули пешқадами саноатӣ, яъне парвариши моҳӣ дар қафасро амалӣ намоянд.

МАНЪИ САЙДИ МОҲӢ ДАР МАВСИМИ ТУХМГУЗОРӢ

Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар давраи тухмгузории моҳӣ, ҳамасола аз санаи 1 уми апрел то 15 июн дар ҳавзҳои дарёи Сир, обанборҳо, дарёҳо, сойҳо ва кӯлҳои ҳудуди вилояти Суғд ҳама гуна моҳидорӣ манъ карда мешавад.

Баҳри иҷро ва татбиқи қонуну фармоиш ситод таъсис ёфта, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи гурӯҳҳои фаврӣ амалиёти назоратӣ роҳандозӣ мегардад. Бо ин мақсад зерсохторҳои раёсат дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳиро дар давраи тухмгузорӣ дар нақша пешбинӣ карда, аз натиҷаи фаъолият ба ситоди раёсат ҳар 15 рӯз ҳисобот пешниҳод намоянд. Баргузории ҷаласаи ситод охири ҳар моҳ, яъне то ба охир расидани маърака пешбинӣ гардида, санаи 6 – уми апрел ситоди якум бо роҳбарии сардори Раёсат ва иштироки масъулини шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ ва зерсохторҳои раёсат дар шаҳри Гулистон гузаронида шуд.

Боиси қайд аст, ки давоми давраи манъи моҳидорӣ раёсат бо мақсади пурзӯр намудани назорати давлатии ҳифзи захираҳои моҳӣ ва ҷиҳати гузаронидани амалиёти шабонарӯзӣ мунтазам ҳамкориро бо дигар сохтору мақомот амалӣ менамояд ва бо ин мақсад намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони вилоят, кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дигар сохторҳо ба кори гурӯҳҳои фаврӣ ҷалб шудаанд. Тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021» аз тарафи нозирони шуъбаи раёсат ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо амалиёти фаврӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Бо ин мақсад дар минтақаи «Тӯқай»‐и Ҷамоати деҳоти Деҳмой нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист амалиёти назоратӣ гузаронида, бо шоликорони маҳаллӣ оид ба моҳияти фармоиши мазкур корҳои ташвиқотӣ гузарониданд, гуфт Рауф Каримов. Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти ситод оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2021 дар 15 рӯзи аввал ҷамъбаст гардид.

Дар ин давра баҳри амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ҳудуди обанборҳои ҳавзаи Сирдарё 50 амалиёти фаврӣ гузаронида, дар натиҷа 44 санади азназаргузаронӣ ва 6 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ ҳодисаҳои моҳидории ғайриқонунӣ низ ошкор гардида, ҳамагӣ 12 олоти моҳидорӣ ва 3 адад либоси резинӣ муваққатан мусодира шуд. Дар натиҷа 4 мавод ва 4 хулосаи ихтиологӣ оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷиҳати оғози парвандаи ҷиноятӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод гардид.

КОРРО БОЯД ҶОННОК КАРД...

Тавре масъулини раёсат иттилоъ доданд, таҳлили вазъи имрӯзаи хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят имконият медиҳад, ки барои самаранок истифодабарии ҳавзҳои моҳипарварӣ ба роҳбарони хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳру ноҳияҳо истифодаи самараноки қитъаҳои замини ҷудогардидаро барои парвариш ва истеҳсоли моҳии молӣ мақсаднок ба роҳ монанд. Сарраёсати кишоварзии вилоят барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат, мақсаднок ва самаранок истифодабарии ҳавзҳои моҳипарварӣ, ҳамчунин, вобаста ба талаботи қонунҳои амалкунанда назорати заминҳои барои сохтмони ҳавзҳои моҳипарварӣ пешбинишударо пурзӯр намуда, ҷиҳати қатъи фаъолияти хоҷагиҳое, ки то ба имрӯз давоми 3 сол ба парвариши моҳӣ оғоз набахшидаанд, тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки хоҷагиҳои моҳипарварии вилоятро лозим аст, ки ҳамкориро бо муассисаҳои илмии АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода, ҳуҷҷатгузории хоҷагиҳоро тибқи талаботи моҳипарварӣ ба роҳ монанд ва ҷиҳати омӯзонидани роҳбарони хоҷагиҳои моҳипарвар вобаста ба технологияи парвариши моҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо семинар – машварат гузаронида шавад.

Баробари ин масъулин гуфтанд, ки пайваста ба ворид намудани моҳиҳо аз ҷумҳуриҳои дигар роҳбарони хоҷагии моҳипарвариро зарур аст, ки талаботи қонунҳои амалкунандаи ҳифзи муҳити зистро риоя намоянд ва хоҷагиҳои моҳипарварии мав‐ҷуда аз қайди омор гузаронида шуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсоли хӯрокаи моҳӣ ва консерваи он ба роҳ монда шавад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh