Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати «Днепроэнергостал»

Раиси вилояти Суғд намояндагони ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украинаро, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ба вилоят ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Вадим Осипенко, директори ширкати «Днепроэнергостал» зимни суҳбат аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро баҳри таҳкими робитаҳо баён доштанд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, ширкати «Днепроэнергостал» бо корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ созишномаи ҳамкорӣ дошта, намояндагони ширкат зимни сафари худ ба вилоят бо роҳбарияти корхонаи «Садаф» масъалаи ташкили корхонаи муштаракро баррасӣ мекунанд. Ҳамзамон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо роҳбарияти Донишкадаи политехникӣ дидору вохӯриҳо доир хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони ширкати «Днепроэнергостал» аз як қатор корхонаҳои коркари пахта ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид карда, бо вазъи соҳаи саноати вилоят ва имкониятҳои мавҷуда баҳри ривоҷи ҳамкориҳо шинос мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh