Боздиди Раиси вилоят аз ҳавзҳои моҳипарварии “Корпоратсияи моҳии тоҷик”

Дар ҳавзҳои моҳипарварии “Корпоратсияи моҳии тоҷик”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар як сол 200 тонна гулмоҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда мешавад. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ маълумот дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо иқдоми ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой дар масоҳати 3,2 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ бунёд шуда истодааст. Дар ин ҳавзҳо, ки теъдоди умумии онҳо 21 ададро ташкил мекунад, парвариши гулмоҳӣ ба роҳ монда шуда, то 15 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Ҳар як ҳавз бо дарозии 30 метр ва паҳноии 5 метр сохта шуда, барои парвариш тухмии моҳӣ аз Федератсияи Россия ворид гардидааст.

Раиси вилоят ташкили чунин ҳавзҳои моҳипарвариро заруру саривақтӣ арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки бояд дар ҳар минтақа моҳипарварӣ рушд дода шавад. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар минтақаи Работи шаҳри Конибодом низ ташкили чунин ҳавзҳо бояд ба роҳ монда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон вазъи корҳои ободониро дар ҳудуди ҷамоат таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, баҳри вусъати корҳо, чароғониву кабудизоркунӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh