Шиносоӣ бо ҷараёни насби таҷҳизот дар корхонаи истеҳсолии “Элитаи Шаҳристон”

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳристон бо дастгириҳои давлатӣ аз тарафи соҳибкорон сохтмони корхонаи истеҳсолии “Элитаи Шаҳристон” ҷараён дорад, ки бо ифтитоҳи он дар марҳилаи аввал 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Чуноне зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, дар корхонаи “Элитаи Шаҳристон” истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шуда, айни замон насбу васли таҷҳизоти зарурӣ идома дорад.

Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 10 тонна ширро коркард ва маҳсулоти тайёр истеҳсол намояд.

Раиси вилоят ташкили чунин корхонаҳоро дар ноҳияҳои аграрӣ ба манфиати кор дониста, изҳор дошт, ки бо фаъол гардидани корхона маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза вориди бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ хоҳад гардид.

Ба соҳибкорони ватандӯст, ки тасмим гирифтанд, чунин як корхонаи замонавиро ташкил намоянд, тавсия дода шуд, ки дар оянда низ доираи фаъолияташонро васеъ карда, номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаро боз ҳам зиёд намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh