Сафари намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати расмии вилояти Суғд ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.

Дар ин сафар роҳбари вилоятро раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон,  Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Спитамен ва корхонаҳои саноативу идораҳои кишоварзӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Тавре маълум аст рӯзҳои 10 ва 11 июн бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда,  аз вилояти Суғд низ боздид намуд. Бо дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони вилояти Суғд  баҳри шиносоӣ бо дастовардҳои иқтисодии вилояти Тошканд ва мубодилаи таҷрибаҳои ҳамдигар аз ин вилоят боздид карданд.

Дар рӯзи аввали сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам, инчунин истифодаи технологияҳои муосир шинос гардиданд.  Ҳайат аз ҷумла аз боғҳои интенсивӣ,  токзор, гармхонаҳои инноватсионӣ,  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ,  чорводорӣ дидан кард.

Дар рӯзи дуюм намояндагони вилояти Суғд бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии вилояти Тошканд шинос гардиданд ва ҷонибҳо барои мубодилаи таҷрибаҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh