Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаҳои саноатии «Нассоҷии Хуҷанд», «ВТ Силк» ва «САТН» боздид ба амал овард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаҳои мазкур вобаста ба самти фаъолият корҳо ҷараён дошта, ҳамзамон тадбирҳои васеъ намудани иқтидорҳо амалӣ карда мешаванд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ҳафт коргоҳ, аз қабили ресандагӣ, бофандагӣ, рангу пардоздиҳии риштаву матоъҳо ва истеҳсоли либоси гуногун мавҷуд аст, ки барои коркарди пурраи пахта шароит ва майдони истеҳсолӣ имкон дорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи муштараки  «ВТ Силк»  дидан намуда, аснои шиносои аз ҷараёни истеҳсолот  ба масъулини соҳаи саноат ва роҳбари корхонаи мазкур дастур дод, то коркарди пурраи пилларо дар дохили мамлакат ба роҳ монанд. Ҳамзамон азнавсозии дастгоҳҳои корхона мутобиқ ба талаботи замон муҳим дониста шуд.

Фаъолияти корхонаи "САТН" ба истеҳсоли либос аз нахи пахта равона карда шудааст. Дар сехҳои он маҳсулоти хоми ватанӣ, пахта то ба коркардаи ниҳоӣ расонида мешавад. Раиси вилоят аз фаъолияти корхона тавсиф намуда, ба роҳбари корхонаи "САТН" барои бо иқтидори пурра фаъолият намудан ва ҷиҳати бакорандозии хатҳи нави истеҳсолӣ машваратҳо дод.

Ба роҳбарияти корхонаи "САТН" дастур дода шуд, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ҷиҳати истифодабарии имконоти пурраи корхона тадбирҳо андешида шаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh