Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз Маркази логистикии “Корвон”

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой  Аҳмадзода аз Маркази логистикии “Корвон” боздид ба амал овард.

Маркази логистикии “Корвон” дар масоҳати 8 гектар ҷойгир буда, ба он аз тамоми гӯшаву канори кишвар пиёзи пухатарасида ворид гардида, пас аз бандубаст ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Ба иттилои масъулин соли равон аз вилояти Суғд зиёда аз 52 ҳазор тонна пиёз содирот карда шудааст, ки беш аз 20 ҳазор тоннааи он маҳз аз ҳамин марказ ирсол гардидааст.

Дар маркази логистикӣ 20 нафар соҳибкорон ба фаъолият машғул буда, ҳамзамон то 300 нафар кормандони мавсимӣ ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти соҳибкоронро дар самти содироти маҳсулот назаррас арзёбӣ карда, барои бо арзиши хуб ба фурӯш баровардани дастранҷи марди деҳқон тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh